logo

фарҳанг

ҚОНУНИЯТИ ИНКИШОФ ВА КАЛОМИ ҲУНАРӢ

Инсоният мавҷуди ягонаест, ки ба оламу мавҷудияти дигар муносибати  бошуурона мекунад ва шохистар агар матраҳ бикунем, ҳиссу ҳаяҷон, эҳсосоту таассурот, дарку биниш ва маърифат дорад. Ӯ тавассути муносибати бошууронаи хеш шохис намуд, ки асоси ҳастӣ ва пешрафт дар заминаи аносири мутақобила сурат хоҳад гирифт, ки қонунияти зуҳуру ташаккул ва таҳаввулу рушди онро диалектика мушаххас хоҳад кард. Пас афкори фалсафӣ чӣ бархӯрде бо каломи ҳунарӣ - сухани образнок дорад?
Суханшиносону пажӯҳишгарон оид ба шинохти каломи ҳунарӣ дар асрҳои миёна роҳҳои гуногунро таъкид кардаанд. Фаразан, шеър аз диди ҳакимон – файласуфон, нигоҳи тазкиранигорон оид ба каломи ҳунарии манзум, асарҳои назарӣ - адабиётшиносӣ дар кайфияти шеър, осори марбут ба илми бадеъ ва шеър аз диди эшон ва мунтаҳо, маърифати шеър дар довариҳои шоироне, ки ниҳоят густарда ва оммавист. 
Ҳадаф аз қазоватҳои фавқуззикри мо бардоште аз як мақолаи донишманди назариётчӣ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор С. Ятимов  таҳти унвони «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт» мебошад, ки чанде пеш дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расид.
Муаллиф барҳақ таъкид мекунад, ки агар роҳи дониш «Аз муроқибаи зинда ба тафаккури абстрактӣ ва аз он ба амалия» бошад, таҷриба татбиқи он аст, ки созгории назария ва амалия маърифат мешавад. Ин қазоват комилан саҳеҳ аст, зеро ҳанӯз 1150 сол пеш бузургвор Рӯдакӣ онро «таҷрибаи рӯзгор» таъбир намуда гуфта буд:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Ин аз он сабаб аст, ки маърифати волои субъектро тақозо мекунад. Агар субъект дорои маърифати воло бошад, он гоҳ ӯ назокати таҷориби ҳаётро бо ҷузъиёти он метавонад нек маърифат бикунад ва агар алорағми он сурат бигирад, пас ҳадаф дастнорас хоҳад буд.
Васоити сеюми таҳқиқ ва гиромидошти воқеиятро назарияи адабӣ – зебоишинохтӣ маърифат намуда, ҳамаи инҳо дар масоили идроки авомили онтологӣ сахт мусоидат хоҳанд кард. Мо ҷонибдори ақоиди муҳаққиқ дар маърифат ва баҳодиҳӣ бо масоили матраҳшаванда ҳастем, зеро ҳадафи ниҳоии профессор С. Ятимов дар ин бахш тавъам омадани  ақоиди назарӣ ба амалия мебошад, ки муҳаққиқ дар маърифати воқеии он комилан муваффақ гардидааст.
Адабиёт қавитарин оҳангҳои башардӯстона дорад. Адабиёт ва хосса шеър – шуур аст ва ба ин хотир сатҳи тафаккури миллат аст. Аз ин рӯ, адабиёт яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ низ маҳсуб мешавад.
Каломи ҳунарӣ дар мантиқи одии ифода натоиҷи ҳиссу эҳсосот, тасаввур ва дарку идрок ва маърифати воқеият аст, ки манзур шинохти ҳастист. Ана дар ин ҷода адабиёт афзалият дорад, зеро каломи ҳунарӣ аст, ки дар шаклҳои манзуму мансур арзи ҳастӣ кардааст. Илм асосан бо далоилу бурҳон, қиёс ва мантиқ сару кор дорад ва адабиёт ба бадеъ. Ба ин маънӣ С. Ятимов менависад, ки: «Ворид гаштан ба моҳияти масъала тавассути абзори бадеӣ, гоҳо авлотар аз илм аст. Зеро илм ҷаҳонбинии мутахассисони самти муайяни ҳаёти инсониро баррасӣ мекунанд. Адабиёт дили васеъ дорад. «Шеърро ошиқ мекунад», олами табиат, наботот, ҳайвонотро «ба гап медарорад. «Бо санги мазор гуфтугӯ мекунад», рӯд ӯро қисса мегӯяд, «Чашма аз кӯзабарсар омадани модар ҳикоят мекунад ва хор бо гуноҳи худ аз тасодуф пойи модарро захмин кардан хиҷолат мекашад». Ҳолоти фавқ, ки тасвирҳои ниҳоят маҳсус ва воқеиянд, ба эҳсосоти хонанда сахт асар намуда, ҳатто қалби хонандаро реш-реш месозад, ки муассирии каломи ҳунарии манзум аст. Аз ин рӯ, адабиёт арзиши беқиёс дошта, ғолибан он ниёз ба донишу маҳорат ва ҳунару ҷаҳонбинии адиб дорад. Беҳуда ҳам нест, ки «шоирро дар синаи миллат дил» таъбир кардаанд.  
Адабиёт ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ дорои ғояи муайяни эҷод мешавад ва бидуни он имкон надорад. Идеяи олӣ маҳсули даҳои адиб аст, ки то кадомин поя таърихи миллат, фарҳанги миллӣ, адабиёт ва умуман, осори маънавии миллӣ, ҳикмати назарӣ ва амалӣ, мантиқ ва ғайраро хуб фаро гирифта бошад. Масалан, «Шоҳнома» - и  Фирдавсӣ  дар баробари фаро гирифтани урфу одат, орзуву омол, таърих ва фарҳанги миллат,  инчунин, ҳушдорҳои ҷолиб дорад, ки барои огоҳии миллат дастури ҳаётист.
Муҳаққиқ авзои сиёсӣ ва таърихии миллатро дар солҳои 90 - уми садаи ХХ таҳлил намуда, нақши симои абарқудрати сиёсӣ ва рисолатҳои таърихии баҷоовардаи онро ошкор месозад, ки ҷанбаи таърихии ин проблема дар давлатсозии миллӣ, тафаккурсозии миллӣ ва ваҳдати миллист.
Ба ҳамагон маълум аст, ки адиб ҳамчун субъекти эҷодкор вобаста ба донишу ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии хеш эҷод мекунад. Агар эҷоди ӯ уҳдабароёна бошад, иштиҳор пайдо хоҳад кард. Адиб ҳамчун олими рӯҳшинос бо эҷоди равонковонаи хеш дар қалби миллат ва одамон ҷой мегирад.
Муаллиф дар ин бахши мақолаи хеш роҷеъ ба моҳияти фалсафии илм баҳси бунёдӣ мекунад, ки ниҳоят пурарзиши пурманофеъ аст. Ӯ моҳияти созандагӣ, бунёдкорӣ, давронсозии каломи ҳунариро ошкору возеҳ баён менамояд, ки басо ҷолиб аст. Муҳаққиқ менависад: «Омӯхтани таърихи халқ бе донистани таърихи адабиёт, ёдгориҳо ва равандҳои адабӣ ғайриимкон, ҳадди ақал номукаммал аст. Адабиёт худ таърих, тафсири ҳаёти фикрӣ ва ҷамъиятии миллат аст. Дар он воқеияти таърихӣ, шакл ва тарзи тафакури ӯ бо ифодаи образҳо ва тасвирҳои бадеӣ  сурат мегирад».
Адабиёти миллӣ, пеш  аз  ҳама, сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинии миллат аст. Тавъам бо он адабиёти миллӣ ормоннома, таманонома ва ҳадафномаи миллат буда, таърихи муккамали миллат ва корномаи миллист. Аз ин хотир, мақолаи «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт» хосса барои мутахассисони соҳаи филология асари рӯймизист, зеро он бисёр масоили фалсафӣ – назариявӣ ва эҷодӣ – татбиқии каломи ҳунариро бо ҷузъитарин аносири фарогир дар бар гирифтааст ва комилан илмию назариявист. Амалӣ гардидани андешаҳои судманди дар ин мақолаи бунёдӣ матраҳгардида дар оянда, албатта, ба рушду нумӯи адабиёти нафиса ва ғанӣ гардидану пешрафти маънавияти ҷомеа комилан мусоидат хоҳанд кард.
А. МАҲМАДАМИНОВ,
М. СОЛЕҲОВ,
 устодони ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2019    №: 1    Мутолиа карданд: 528
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед