logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 192; с. 2010, № 7, мод. 543; с. 2012, № 7, мод. 717) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 8 ва минбаъд тамоми матни Қонун калимаҳои «иҷрочиёни суд» ва «иҷрочии суд» мувофиқан ба калимаҳои «иҷрочиён» ва «иҷрочӣ» иваз карда шаванд.
2. Моддаи 201 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 201. Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст
1. Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва усули дигари таъминот), бо риояи ҳуқуқҳои кредитори таъминшуда, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бо роҳи аз қарздор кашида гирифтан ва барои фурӯш ба кредитор супоридани мавзӯи таъминот амалӣ карда мешавад.
2. Кредитори таъминшуда ӯҳдадор аст бовиҷдонона ҷиҳати ба амал баровардани фурӯши мавзӯи таъминот тавре чораҳо андешад, ки онҳо барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ  манфиатнок бошанд.
3. Маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти талаботе равона мегарданд, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд. Маблағҳои аз фурӯш боқимонда бошад, ба иҷрочӣ барои пардохт намудани дигар талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дар ҳолати мавҷуд набудани талаботи дигари кредиторон ба қарздор баргардонида мешаванд.
4. Агар маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд, нокифоя бошанд, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари қарздор бо тартиби барои талаботи кредиторони таъминнашуда, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, пардохт мегардад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1562


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2018, № 1205


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 589


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 699
27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед