logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1.  Ба моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1,  мод.  989,  мод. 990;  с. 2009, № 5, мод. 321,  № 9 - 10, мод. 543;  с. 2010,  № 1, мод. 2, мод. 5,  № 3, мод. 153,  № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812;  с. 2011, № 6, мод. 430,  мод. 431, № 7 - 8,  мод. 610, № 12, мод. 838;  с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693,  № 8, мод. 814,  № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013,  № 3, мод. 181,  № 7, мод. 508;  с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1,  мод. 389,  мод. 390;  с. 2015, № 3, мод. 201,  № 7 - 9,  мод.  707, мод. 708,  № 11, мод. 955,  № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131,  мод. 132;  № 5, мод. 359,  мод. 361, № 7, мод. 613,  мод. 614, № 11, мод. 877;  с. 2017, № 1 - 2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275,  № 7 - 9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод. 9, № 5, мод.  268, мод.  269), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, санксияи он дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. »;
- қисми 2  бо мазмуни зерин  илова карда шавад:
«2.  Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то дусад, ба шахсони мансабдор аз сесад то панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад. ». 
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон             Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, №  1561


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.  ЗУҲУРОВ
ш.  Душанбе, 5 декабри соли 2018, № 1236


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  баррасӣ  намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш.  Душанбе,  25 декабри соли 2018, №  588


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 776
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед