logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №5, мод.363; с.2008, №3, мод.202; с.2010, № 7, мод.554; с.2013, № 3, мод. 202; с.2015, №7-9, мод.700, №11, мод.963) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати панҷуми моддаи 25 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархатҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- ҳар сол дар сомонаи худ ё сомонаи мақоми бақайдгиранда ҳисоботи молиявиро, ки дар он маълумоти муфассал оид ба даромад ва хароҷот дарҷ шудааст, ҷой диҳад;
- дар давоми на кам аз панҷ сол пас аз анҷоми муносибатҳои корӣ маълумот дар бораи амалиёти анҷомдодашудаи дохилӣ ва байналмилалиро нигоҳ дорад;
- маълумот дар бораи мушаххаскунии шахсоне, ки фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро назорат ё идора мекунанд, аз ҷумла  муассисон, аъзои мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишро  нигоҳ дорад ва ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод намояд.».
2. Ба моддаи 34 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Мақоми бақайдгиранда уҳдадор аст, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумот пешниҳод намояд, агар шубҳа ё асоси кофӣ  барои гумонбар шудан мавҷуд бошад, ки иттиҳодияи ҷамъиятӣ василаи рӯпӯшкунанда барои ҷамъоварии маблағ аз тарафи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ мебошад ё ҳамчун канал барои маблағгузории терроризм, экстремизм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо мақсади канорагирӣ аз чораҳои ғайрифаъолгардонии дороиҳо, пинҳон ё рӯпӯш кардани барориши пинҳонии маблағҳои бо мақсадҳои қонунӣ таъиншуда ба манфиати террористон ва экстремистон ё ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ равонашуда истифода мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                           Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1575


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2018, № 1179


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 604


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 742
16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТ

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР БМТ

06.09.2021


БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПӢ

03.09.2021


Шумораи махсуси маҷаллаи “Business Central Asia” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

«ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАНЗИМИ МАСЪАЛАИ АФҒОНИСТОН»

ТЕАТРИ ТОҶИК ДАР ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН

«АЗ ҚАЛЪАИ ДИЛ ТО ҚАЛЪАИ САНГИН»

ЛЕВАКАНТ. ИФТИТОҲИ БОРГОҲИ НАВИ МАЪРИФАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед