logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 «Дар бораи хизмати дипломатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 12, мод. 827) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:      
1. Ба моддаи 1 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд - кормандони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;».     
2. Аз матни моддаи 2, сархатҳои якуми қисмҳои 1 ва 2 моддаи 20 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. 
3. Дар сархатҳои дувоздаҳум, понздаҳум ва ҳаждаҳуми моддаи 5, қисми 3 моддаи 6, сархати дуюми қисми 5 ва қисми 6 моддаи 12, сархати чоруми қисми 3 моддаи 19, сархати сеюми қисми 2 моддаи 20 ва қисми 1 моддаи 26 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
4. Ба қисми 1 моддаи 8 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд;». 
5. Аз сархати сеюми қисми 1 моддаи 9 калимаҳои «(муовини Намояндаи доимӣ дар назди ташкилоти байналмилалӣ)» хориҷ карда шаванд.  
6. Дар моддаи 10:
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, дар асоси пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати дипломатӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ба тариқи гузариш тибқи талаботи Қонуни мазкур таъин  карда мешаванд.»;  
- қисмҳои  4, 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 5, 6 ва 7 ҳисобида шаванд.   
7. Дар қисми 4 моддаи 10, қисми 3 моддаи 12, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 22 калимаҳои «муҷозоти» ва «Муҷозоти» мувофиқан ба калимаҳои «ҷазои» ва «Ҷазои» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми 4 моддаи 12 калимаҳои «Вазорати корҳои хориҷии» ба калимаи «Президенти» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                 ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1574


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»

 Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2018, №1157


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 603


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 1048
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед