logo

фарҳанг

АДАБИЁТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ

Андешаҳо дар ҳошияи мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт», («Ҷумҳурият», №238 - 239, 2018)
Ба андешаи мо мақолаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов таҳти унвони “Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт” ба унвони як пажӯҳиши муҳиму арзишманд вобаста ба нақши адабиёт дар таҳаввулоти ҷомеа маҳкум намудани бегонапарастӣ ва таҳкими хештаншиносиро ҳадафи аслӣ қарор додааст.

 Аввалан, он дар бораи робитаи ҳамаҷонибаи ҳаёти эҷодӣ ва фаъолияти эҷодкор бо воқеияти зиндагӣ баҳс мекунад. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки муаллиф ин масъаларо ҳамчун робитаи диалектикии ҳаёти ҷомеа баррасӣ намуда, адабиётро як ҷузъи муҳими ташаккулдиҳандаи шуури ҷамъиятӣ медонад. Дигар ин ки муаллиф зарурати худогоҳӣ ва худшиносиро ба маърази таҳқиқи илмӣ кашида, вазифаи адибро барои тасвири воқеияти реалии ҷомеа ва ташаккули ҷаҳонбинии ахлоқии он ба миён гузоштааст. С. Ятимов дар мақола дуруст таъкид кардааст, ки «ҳаёти инсон ва муҳити вобаста ба он дар маркази омӯзиши воқеияти зиндагӣ тавассути инфрасохтори бадеӣ қарор дорад».
Албатта, дидгоҳи ҳар нависанда ва адиб вобаста ба ҷаҳонбинӣ ва методологияи таҳқиқи бадеӣ гуногун аст. Вале мақсади ягонае вуҷуд дорад, ки адиби асил онро ҳамеша дар меҳвари андеша ва тасвири худ қарор медиҳад. Ба ҳамин маъно С. Ятимов таъкид месозад, ки «бурду бохти инсоният аз ҷаҳонбинӣ вобастагии куллӣ дорад».
Мутолиаи асарҳои бадеии нависандагони оламшумул дар вуҷуди хонанда ҳиссиётеро ба вуҷуд меорад, ки тасвир намудани чунин эҳсосоти ботинӣ осон нахоҳад буд. На аз он сабаб, ки чунин асарҳо одамони дар зиндагӣ сахт азияткашидаро ба хотир меоранд, балки тасвири инсонҳоеро мемонанд, ки дар ҳаёт барои анҷом додани рисолати азалии худ бо матонат мубориза мебаранд. Моҳияти ҳар гуна асари таъсирбахш ин дар умқи дили кас бедор кардани як навъ ҳисси бузурги инсонпарастӣ аст. Ба ҳамин мақсад С. Ятимов нақши адабиётро дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа аз нақши илм камтар надида, савол мегузорад: «оё адабиёти имрӯза ҷавобгӯи ниёзҳои аслӣ, ки асоси онро мубориза барои хештаншиносӣ, ба муқобили ҷаҳолат, бегонапарастӣ, ифротгароӣ ташкил мекунад, ҳаст?». Вазифаи таърихии адабиёти имрӯзаамон ба амал овардани ана ҳамин корнамоиест, ки он тамоми дунёро аз ҳар гуна бандубасти маънавӣ озод кунад. Чуноне ки илм аз назари Маркс як қувваи инқилобии ба таърих ҳаракатдиҳанда ва ифодаи диалектика аст, адабиёт аз назари С. Ятимов як навъ тасвири диалектикаи ҳаёт мебошад. 
Равоншиносони шинохта Роберт Киёсакӣ, Ҷон Шоул, Боддо Шеффер, Напалеон Хил ва олими тоҷик Саидмурод Давлатов ба хулосае омадаанд, ки ҳаёти одамон маҳсули идеяҳояшон мебошанд. Онҳо худи ҳамин идеяро сарчашмаи комёбӣ ва нокомӣ мебинанд. Лекин инсонро маҳсули қобилият, тарзи афкор ҳисобида, муҳити иҷтимоиро батамом инкор намекунанд. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои калидии адабиёти муосир, аз ҷумла фалсафаи бадеӣ аз равшан сохтани муҳити иҷтимоӣ ва дар он муҳит чи гуна ташаккул ёфтани шахсият иборат мебошад.
Нависандаи шинохтаи тоҷик Саттор Турсун ба ин назар аст, ки «нависандаи бад хонандаро ҳам ба роҳи ғалат мебарад». Дар ин замина эҳтиёҷ ба нависандае пайдо мешавад, ки роҳ нишон диҳад, табиати инсонҳоро ошкор созад, заифтарин хислатҳоро тасвир кунад. Инсонҳоро аз манқуртшавӣ боздорад, гуманизмро эҳё кунад, эгоизмро маҳкум созад ва фанатизмро барбод диҳад.
Барои нигорандаи бузург асотири куҳан ё ривояти халқ, сужети сюрреалистӣ ё идеяҳои фантастикӣ танҳо сароғози кӯшиши идеалиест, ки бо кашфиёти нави бадеӣ анҷом меёбад. Гузашта аз ин, танҳо нависандаи нобиға метавонад, фарди замони худро дарёбад ва онро тибқи равони ҷомеа тасвир кунад. Адабиёти асил ва ё тафаккури пурҷилои эҷодӣ ба андешаи академик Кароматулло Олимов: «ба мисли нигораҳои хушрангу зебоест, ки аз мушоҳидаи он дилу рӯҳ лаззату таровати хосса пайдо мекунад, эҳсоси хомӯшро чун чаҳ - чаҳи булбулон дар саҳаргоҳи пурфайзи баҳорӣ бедор менамояд, инсонро ба рӯзу  рӯзгори тоза раҳнамун месозад».
Дар асарҳои нависандагони муосири тоҷик низ тасвири зиндагӣ бо зиддиятҳояш ва роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод гаштаанд. Мо тасвири таззодҳои ҳаёт ва ҳалли онро дар асарҳои адибони  шинохтаи имрӯзи тоҷик, ба мисли Саттор Турсун, Абдулҳамид Самадов, Кароматуллои Мирзо, осори назмии Фарзона, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Ҳикмат Раҳмат ва дигарон мушоҳида мекунем.
Ҳамин тавр, дар  мақолаи С. Ятимов вазифаҳои эҷодкор, ки пеш аз ҳама  аз хидмат ба халқу Ватан ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ба воситаи тасвири бадеӣ ва образҳои олӣ иборат аст, муайян шудааст ва он метавонад ҳамчун дастури методологӣ барои ҳар адиб ва муҳаққиқ қарор бигирад.
Аслиддин САЛИМОВ,
устоди ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 673
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед