logo

туризм

РУШДИ ДЕҲОТ - РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Дубора ба масоили таҳкими пояҳои инфрасохтории рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯй овардани Пешвои муаззами миллат ва эълон доштани солҳои 2019-2021 ба унвони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз таваҷҷуҳи хосса нисбат ба пешрафти соҳаҳои мавриди назар арзёбӣ мегардад.

Дарвоқеъ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳам тавъаманд.    
Аксари шаҳрвандони мамлакат дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, муҳайё сохтани шароитҳои инфрасохтории деҳот - бунёд ва таҷдиди роҳҳо, муассисаҳои таҳсилотӣ, тандурустӣ, кашидани хатҳои оби тозаи ошомиданӣ, бунёди иншооти маишӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ барои пешрафту шукуфоии деҳоти мамлакат ва зиндагии шоистаи сокинони он заминаи арзишманде хоҳад буд.
Аз ҷониби дигар, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиии кишвар дар деҳот ҷойгиранд. Аз ин рӯ, сайёҳони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф меоваранд, бо иқтидори сайёҳии мамлакат шиносоӣ пайдо хоҳанд кард. Ин имкон медиҳад, ки сатҳи сифати пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳӣ бамаротиб боло рафта, Тоҷикистонро ба як кишвари воқеан пешрафта миёни кишварҳои ҷаҳон қарор бидиҳад.
Азбаски қисми зиёди аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагӣ мекунанд, пас раванди беҳсозӣ ва ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ низ дар деҳот бештар ба назар мерасад. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои  2019-2021 ҷиҳати тақвияти раванди дастгирии ҳунармандони халқӣ, таъмини шароити мусоиди кору фаъолияти ҳунармандон дар ин самт, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ба ҷаҳониён ва, билохира, рушди саноати  истеҳсоли армуғони миллӣ ва пешниҳоди он ба сайёҳони хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Ҳамзамон, бунёди иншооти инфрасохторӣ дар деҳоти мамлакат метавонад шумораи зиёди сокинони деҳоти мамлакатро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намуда, ба ин васила сатҳи некуаҳволии онҳоро баланд бардорад.
Фазлиддин ҚОДИРОВ,
мудири кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2019    №: 8    Мутолиа карданд: 1126
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед