logo

иқтисод

СОДИРОТИ АВВАЛИН ТРАКТОРҲО БА ӮЗБЕКИСТОН

Аввалин маротиба 8 трактори тамғаи «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х», ки дар Тоҷикистон - ҶСП «Агротехсервис» - и шаҳри Ҳисор ҷамъу васл шуданд, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содир гардид. Ин иқдом дар доираи густариши бесобиқаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба шарофати талошҳои муштараки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муяссар гардид, сурат гирифт.
Дар ҶСП «Агротехсервис» ба нақша гирифтаанд, ки соли равон содироти тракторҳои   тамғаҳои «Беларус 80Х» ва «Беларус 82.1», ҳамчунин, таҷҳизоту мошинолоти гуногуни кишоварзиро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва трактори тамғаи  «Беларус 512» - ро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба роҳ монанд.
Ёдрас мешавем, ки ба фаъолияти корхона расман 29 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ҳусни оғоз бахшиданд. Ба фаъолият оғоз намудани корхона имкон фароҳам овард, ки зиёда аз 60 ҷойи кории нав таъсис ёбад.
Корхона тайи соли гузашта 106 трактори тамғаи гуногун, аз ҷумла 84 трактори тамғаи «Беларус 82.1», 10 трактори тамғаи «Беларус 80Х» ва 12 трактори тамғаи «Беларус 512» -  ро ҷамъу васл намуда, ба таври мустақим ва тавассути КВД «Тоҷикагролизинг» ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ба фурӯш баровардааст. Ҳамчунин, соли 2018 корхона дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Боборуйскагромаш» - и Ҷумҳурии Беларус қисмҳои ҷамъуваслшавандаи 63 ядакро ворид, ҷамъу васл ва ба мизоҷон пешкаш намуд.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2019    №: 8    Мутолиа карданд: 836
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед