logo

иқтисод

МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. РАВАНДИ КОРКАРДИ ПУРРА ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли равон зимни ироаи  Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Пешвои миллат зикр карданд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумат, дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 дарсад то 17,3 дарсад афзоиш ёфт.
Саноати сабук, ки яке аз бахшҳои афзали саноати Тоҷикистон ба шумор меравад, дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои Сарвари давлат дар самтҳои нассоҷӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли мебел, коркарди пӯст ва ҷуроббофӣ иқтидорҳои нав рӯйи кор омада, корхонаҳои зиёди соҳа таҷдиду навсозӣ шуданд.
Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳиссаи ночизи пахтаи истеҳсолгардидаро дар дохили кишвар коркард мекунанд ва имкониятҳои мавҷуда, алалхусус дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаи нассоҷӣ, ба таври кофӣ истифода намешаванд.  Дар ҳақиқат, соли 2018 аз нахи пахтаи истеҳсолгардида ҳамагӣ 10 - 12 дарсади он дар дохили кишвар коркард шудааст. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва дигар сохторҳои масъул супориш доданд, ки дар 2 - 3 соли оянда ягон килограмм нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз кишвар берун набарояд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳҳои январ - ноябри соли 2018 корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ беш аз 150 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар корхонаҳои ресандагӣ 18602,3 тонна риштаи пахтагин истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли пешӣ 2884,1 тонна бештар мебошад. Дар коргоҳҳои бофандагӣ бошад, 3,3 миллион метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардид. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби корхонаю марказҳо 57,8 ҳазор метри мураббаъ матои адрас истеҳсол шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3 ҳазор метри мураббаъ зиёд аст. Истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар ин давра 246,2 миллион сомонӣ ва суръати афзоиш 17,9 дарсадро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳо корҳо тақвият ёфтаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод, Балҷувон, Ховалинг, Қубодиён, Носири Хусрав, Кӯшониён, Шамсиддини Шоҳин, Айнӣ ва Деваштич, ки соли гузашта дар коргоҳҳои дӯзандагӣ истеҳсоли либоси мактабӣ ба роҳ монда нашуда буд, корҳо ҷоннок гардида, мутахассисонро дар ин самт ҷалб карда истодаанд. Дар маҷмӯъ, соли гузашта аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои соҳа зиёда аз 1 миллион либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 128416 адад зиёд мебошад.
Давоми соли ҷорӣ фаъолияти як қатор корхонаҳои дӯзандагӣ, аз ҷумла корхонаҳои «Ахтари Вахш»-и ноҳияи Вахш, «Мавлуда»-и ноҳияи Қубодиён, «Зарҳам»-и шаҳри Кӯлоб, «Дӯзандагии Каёнуши Ёвон»-и ноҳияи Ёвон, КВД «Дӯзандагӣ ва коркарди мева»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, «Бароти Шер»-и ноҳияи Муъминобод, «Фариза Ком»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Фаррух» ва «Мақсад - 16»-и шаҳри Хуҷанд, «Мақсуда»- и ноҳияи Носири Хусрав, аз нав ҷоннок гардиданд. Дар шаҳру навоҳии дурдаст як қатор корхонаҳои нави истеҳсолӣ кушода шуд.
Дар корхонаҳои қолинбофӣ ва ҷӯроббофӣ низ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда хеле зиёд маҳсулот истеҳсол гардид.
5 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми истеҳсолоти ресандагӣ дар ҶСП «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» оғоз гардида, айни ҳол корхона риштаи пахтагини пневморесандагӣ истеҳсол намуда истодааст. Ҳамчунин, ҳамон рӯз санги асос барои бунёди коргоҳи бофандагии корхонаи мазкур гузошта шуд ва роҳандозӣ гардидани силсилаҳои пурраи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз риштаву матоъҳои пахтагин то маҳсулоти дӯзандагӣ, кешбофӣ ва ҷӯроб зиёд гардида, раванди истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот торафт тақвият меёбад.
Ҳамчунин, 28 июни соли гузашта бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат дар заминаи ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» коргоҳи риштабарорӣ барои истеҳсоли қолин ба фаъолият шурӯъ намуд. Баробари фаъол гардидани коргоҳи мазкур истеҳсоли 60 дарсади ашёи хом дар худи корхона ба роҳ монда шуд, ки ин дастоварди хеле манфиатбахш аст.
Дар корхонаи «Фарм Текс», ки 5 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд, аслан маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ ба роҳ монда шудааст. Маводи бастубанди тиббӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ дар асоси коркарди саноатии нахи пахта истеҳсол гардида, маҳсулоти нави соҳа ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, ҳоло дар пайи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат барои коркарди пурраи ашёи хоми истеҳсолнамудаи кишоварзони мамлакат тадбирҳои муассир роҳандозӣ мешаванд ва ба кор пардохтани иқтидорҳои нави саноатӣ низ ба раванди коркарди ниҳоии маҳсулот такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2019    №: 9    Мутолиа карданд: 801
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед