logo

иқтисод

НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ. ДЕҲОТ РУШД МЕКУНАД

Дар ду - се соли охир шаҳраки Меҳробод ва рустоҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳиммати  соҳибкорони маҳаллӣ ва татбиқи лоиҳаҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ ободу хуррам гашта, садҳо иншооти хурду миёнаи тавлидотӣ, хизматрасонӣ ва фарҳангиву варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Комилҷон Салимзода, раиси ноҳия аз он қаноатманд аст, ки соҳибкорони маҳаллӣ даъвати Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии диёр бо амри дилу эҳсоси баланди ватандӯстӣ пазируфта, барои бунёди иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ташаббусу иқдомҳои наҷиб зоҳир мекунанд.
- Фазо ва муҳити хуби созандагист, ки дар ноҳия теъдоди соҳибкорон дар қиёс ба солҳои қаблӣ афзуда, ба 4 ҳазору 344 нафар расидааст. Ҳоло соҳибкорони дар хориҷи дур фаъолияткунандаи мо низ изҳори хоҳиш доранд, то дар ободонию шукуфоии диёри аҷдодии худ саҳм гиранд. Масалан, соҳибкор Дилфуза Саидова, аз кишвари Малайзия, ният дорад, ки дар шаҳраки Меҳробод  маҷмааеро иборат аз бинои 7 - ошёна сохта ба истифода диҳад. Инчунин, соҳибкор Акмал Бӯттаев бо назардошти ниёз ба кӯдакистон  ваъда дод, ки то охири сол онро замонавии ҷавобгӯй ба тамоми талаботи рӯз барои 200 ҷой бунёд кунад. Фақат ҳамин сол дар ҳудуди ноҳия 55 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад. Соли сипаришуда маблағи ҷалби  сармояи хориҷӣ ба ноҳия ба 12 миллиону 500 ҳазор сомонӣ расид ва он барои бунёди иншооти ҳаётан муҳими аҳолӣ, назири марказҳои саломатӣ, синфхонаҳои иловагӣ, кашидани хати оби нӯшокӣ масраф шуд. Соли равон дар ҷамоатҳои деҳоти Гулхона ва Ҳаёти Нав низ  марказҳои замонавии саломатӣ сохта ба истифода дода  мешаванд, - гуфт зимни суҳбат Комилҷон Салимзода.
Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар масъалаи бунёду  таъмири роҳҳои замонавии мошингард на танҳо дар вилояти Суғд, балки дар ҷумҳурӣ аз ҷумлаи пешоҳангон аст. Роҳи мошингарди Деҳмой - Меҳробод - Маданият дар масофаи 16,9 километр тибқи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ бо маблағи 11,9 миллион доллари амрикоӣ азнавсозию таъмир шуда, 22 октябри соли гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.
- Азми ҷиддӣ дорем, ки соли равон низ бо сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ – соҳибкорон, буҷети маҳаллӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ таъмиру азнавсозии боз  зиёда аз 17 километр роҳҳои дохили ноҳияро дар сатҳи баланди талаботи рӯз ба анҷом расонем. Зеро роҳҳои ободу мумфаршшуда, қабл аз ҳама, обрӯву эътибори миллату кишваранд ва барои рушди деҳот мусоидат мекунанд. Ҷиҳати рушду нумӯи иқтисодии ноҳия мо омодаем, ки ҳамкориро бо кулли соҳибкорони маҳалливу хориҷӣ вусъат бахшида, ба ҳадафи ниҳоӣ - ободии диёр, рӯзгори осуда ва зиндагии шоиста бирасем, - иброз дошт раиси ноҳия.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2019    №: 9    Мутолиа карданд: 767
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед