logo

иқтисод

ХОВАЛИНГ. СОЗАНДАГӢ БА ХОТИРИ РУШДУ ШУКУФОӢ

Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар назди ҳар фарди ватандӯсти кишвар вазифаҳои вусъат додани корҳои созандагӣ ва марҳила ба марҳила боз ҳам беҳтар намудани зиндагии мардумро мегузорад.

Дар доираи  омодагиҳо  ба Ҷашни  30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг барномаи корҳои ободониву бунёдкорӣ барои солҳои 2018 – 2021 таҳия гардидааст. Ин барнома сохтмон, барқарорнамоӣ ва таъмиру навсозии зиёда аз 330 бинову иншооти ҳаётан муҳими таъйиноти гуногуни  хоҷагии халқи ноҳияро дар бар мегирад. Аз ин шумора  аллакай сохтмону навсозии 112 бинову иншоот аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории ватанӣ оғоз шудааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳиссагузории соҳибкорони ноҳия то имрӯз корҳои сохтмонӣ  дар 25 бинову иншоот, аз ҷумла бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Сиёҳфарк барои 455 хонанда дар як баст, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Хонақоҳ, маркази хизматрасонӣ ва дорухона дар деҳаи  Лоҳутӣ, китобхона дар деҳаи Обидара, ҳамчунин, 200   манзили истиқоматӣ, таъмири асосии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаҳои Сиёҳкуртаҳо, Панҷариён ва Хонақоҳ, кашидани хати оби нӯшиданӣ ба деҳаҳои Доробӣ, Тутак, Ҷуқурак, Ҷомбахт, Тиговун, Сурҳо, Питовду, Обидара, Ҳалқаёр ва Дараи Аспон, азнавсозии пулҳо дар деҳаҳои Зелолак, Питовду, Дашти Сангдара, Ёхунҷ, Сангрезгӣ, сангфарш кардани роҳҳои мошингарди деҳаҳои Даҳани Шол, Сафедшаҳрак, Наврӯҳо ва Зардакӣ ба масофаи 10, 5 километр ва мумфарш кардани роҳҳои автомобилгарди деҳаҳои   Садбарго ва Сангрезӣ ба масофаи 3 километру 382 метр  ба анҷом расида, ин иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.  Айни ҳол бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони  саховатпеша ва сокинони баору номуси ноҳия корҳои сохтмонию таъмирӣ дар як қатор иншооти муҳим идома доранд. Тибқи барномаи рушди корҳои ободиву бунёдкорӣ дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018 то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳия сохта ба истифода додани боз 25 муассисаи таълимию   синфхонаи иловагӣ, 14 маркази саломатӣ, 12 бунгоҳи тиббӣ, 13 китобхона, 7 клуб, 26 майдончаи варзишӣ,  11 коргоҳи дӯзандагӣ, 8 маркази хизматрасонӣ,  3 коргоҳи коркарди шир  ва истеҳсоли макарон, 14 сартарошхона, 11 ҳаммом, 6 меҳмонхонаи замонавӣ барои меҳмонону сайёҳон, филиали бонкҳо, кашидани хатҳои интиқоли неруи барқ барои 8 деҳа, навсозӣ ва таъмири роҳҳо дар 28 деҳа, кашидани 30 хати интернету телефон ва бунёди иншооти дигари истеҳсолию иҷтимоӣ дар назар аст.
Сайру саёҳат дар чор фасли сол дар мавзеъҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ  ва табиии ноҳия басо дилкашу хотирмон мебошад. Ҷиҳати амалӣ намудани ҳидоятҳои Сарвари давлат вобаста ба инкишофи  соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия тадбирҳои муассир роҳандозӣ мешаванд. Дар мавзеъҳои хушманзараю чашмаҳои шифобахши Чилчанор, Сурсақова, Дашти Меш,  Кӯлдара, Чепако,  Уштурчаро, Ёкунҷ, Қазғон, осорхонаи таърихию кишваршиносии Восеъ дар дараи Мухтор, зиёратгоҳҳои Султон Увайси  Қаранӣ,  Хоҷа Айюби Ансорӣ, Амир Сайид Шафеӣ,  Авлиёи Зелолай, шаҳри қадимаи  Мунк ва  арзишҳои дигари табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии ноҳия пероишу поккорӣ ва бунёду навсозии инфрасохтори зарурии сайёҳӣ вусъат гирифтааст. Барои беҳтар ҷалб ва пазироӣ намудани сайёҳон тадбирҳои гуногуни муассир амалӣ карда мешаванд, зеро рушди  соҳа ба беҳтар гардидани зиндагии мардуми кӯҳистон мусоидат менамояд.
Мардуми сарбаланди ноҳия барои дар амал татбиқ намудани ҳар нуктаи Паём саъю талош меварзанд, зеро хуб медонанд, ки муҳтавои ҳидоятҳои Сарвари давлат шукуфоии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар фарди кишвар аст.
Холназар КАСИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2019    №: 10    Мутолиа карданд: 715
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед