logo

иқтисод

ЛАХШ. БОҒҲО НИШОНИ ОБОДИАНД

Боғдорӣ, ки  яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини амнияти ғизоии аҳолӣ, манбаи ашёи хоми корхонаҳои ватанӣ  ва таъсиси ҷойҳои нави кор дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат мебошад, дар ноҳияи Лахш ба таври назаррас рушд меёбад. Вобаста ба иқлими минтақа дар ин ҷо,  махсусан, парвариши дарахтони меваҳои тухмдор самараи хуб медиҳад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони маҳаллӣ ба бунёди корхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, сохтмони марказҳои логистикӣ, инчунин, сардхонаҳои ҳозиразамон барои нигоҳдории меваю сабзавот зиёдтар мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар Паёми навбатии хеш изҳор доштанд: «Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардондани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад».
Сокинони   ноҳия баробари картошкапарварию  чорводорӣ ба  боғдорӣ машғуланд.  Шароити табиию иқлимии  ноҳия  барои парвариши  себу нок бештар мусоид аст. Хоку иқлими мусоиди минтақа  ва заминҳои лалмии он  имконият медиҳанд, ки майдони боғҳои нав зиёд карда шавад. Тибқи нақша, давоми  5 соли оянда дар ҳудуди ноҳия бунёд намудани  300 гектар боғи нав дар назар аст. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли гузашта дар ҳудуди ноҳия 60 гектар боғ бунёд шуда, масоҳати умумии он  қариб ба 2 ҳазор гектар расид. 
Дар натиҷаи зиёд шудани майдони боғҳо ва беҳтар гардидани вазъи обёрии онҳо дар ноҳия истеҳсоли мева  афзуда, ба арзонии нархи он  мусоидат намудааст. Кишоварзон низ аз ҳисоби ҳосили баланд даромади хуб мегиранд.
Ҳарчанд масоҳати майдони боғҳо пайваста зиёд мешавад, барои истифодаи шароитҳои васеи табиию иқлимии ноҳия ҷалби маблағҳои имтиёзнок, грантҳо ва қарзҳои камфоиз дар самти ташкили боғзорҳо зарур аст. Дар чунин ҳолат бунёди боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои доманакӯҳ ва талу теппаҳо бештар сурат хоҳад гирифт. Ба ин васила дар деҳоти дурдасти ноҳия ҷойҳои нави кор фароҳам меоянд. Ҳамчунин, таъсиси корхонаҳои фурӯш, захира ва коркарди мева дар ноҳия амали  саривақтӣ ва рӯзмарра мебошад.
Гулафзо САЛИМОВА,
корманди Институти иқтисодиёти кишоварзии АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2019    №: 11    Мутолиа карданд: 678
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед