logo

иқтисод

ДОПИНГ. ИСТИФОДАИ ОН ҶИНОЯТ АСТ

Бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Тибби варзиш ва муҳофизати варзишгарони тоза» бо иштироки мураббиёни мактабҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва мактабҳои захираҳои олимпии шаҳри Душанбе оид ба мубориза бар зидди истифодаи допинг семинари омӯзишӣ доир гашт.

Дар семинар зикр гардид, ки Конвенсияи байналмилалии зидди допинг 19 октябри соли 2005 дар пойтахти Фаронса –  шаҳри Париж қабул шуда, аз ҷониби зиёда аз 170 давлати ҷаҳон тавассути Конвенсияи байналмилалии ЮНЕСКО оид ба мубориза бо допинг дар варзиш эътироф гардидааст. Кишвари мо бошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 августи соли 2011 ба конвенсия ҳамроҳ шуд.
Ба ғайр аз ин, дар мамлакат мубориза бар зидди истифодаи допингро қонунҳо “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи тайёрии варзишӣ”, кодексҳои ҷиноятӣ, меҳнат ва қоидаҳои одоби варзишгар, мураббӣ, довар ва дигар кормандони соҳаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд.
Гуфта шуд, ки Агентии ҷаҳонии зидди допинг соли 1999 таъсис ёфтааст ва дар тамоми ҷаҳон барои истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарон мубориза мебарад ва варзиши одилонаро таблиғ менамояд. Агентӣ дар ҳолати имрӯза 5 маркази қитъавӣ дорад ва ҳар сол то 320000 варзишгарро аз ташхис мегузаронад.
Иштирокдорони семинар соҳиби сертификат гардида, дар доираи барнома нақшаи корӣ тартиб дода, дар мактабҳои варзишӣ барои варзишгарони наврасу ҷавон силсилаи семинару вохӯриҳо ташкил хоҳанд кард. Тибқи нақша бояд беш аз 1200 нафар ба семинарҳои мубориза бар зидди истифодаи допинг фаро гирифта шаванд.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2019    №: 11    Мутолиа карданд: 760
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед