logo

туризм

САРАЗМ - ЁДГОРИИ БУЗУРГИ ТАЪРИХӢ

Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистанд.
Пешвои муаззами миллат доимо таъкид медоранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ он миллате ҳувияти хешро поянда нигоҳ дошта метавонад, ки афроди он дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд ва ба осори ниёгони худ арҷ гузоранд. 
Осорхонаҳо дар ҳифз, муаррифӣ ва эҳёву нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ саҳми сазовор доранд. Яке аз шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон шаҳри Панҷакент маҳсуб ёфта, он бо ёдгориҳои беназири таърихӣ - шаҳраки бостонии Саразм, ки ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид асту соли 2020 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5500 - солагии он таҷлил мегардад, дар ҷаҳон шуҳратёр гаштааст.
Саразм куҳантарин ва муқаддамтарин масканҳои тоҷикнишин, тамаддуни миллӣ, ба мисли бунёди маҳалоти шабеҳи шаҳристон, намунаи обшор кардани замин, дарёфти роҳу усулҳои гудохти филизоти биринҷиву оҳанӣ ва аз он сохтани асбобу исканаҳои рӯзгордорист.
Нахусткашшофи Саразми бостон, доктори илмҳои таърих А. Исҳоқӣ дар мақолаи илмии худ «Саразм - оғози тамаддуни халқи тоҷик» дар бораи таърих, зисту зиндагонии мардуми ин сарзамин, пайдоиши ҳунару ҳунармандӣ, расму оин, маданият ва шаҳрдориву шаҳрсозӣ маълумот додааст.
Осорхонаи шаҳраки қадимаи Саразм соли 1989 таъсис ёфта, бозёфтҳои таърихию фарҳангиеро, ки дар натиҷаи ҳафриёти бисёрсола ба даст омадааст, дар бар мегирад.
Сарвари тамаддунофари мо ҳангоми сафарҳои хизматӣ ба шаҳри Панҷакент аз пойгоҳи бостонии Саразм низ боздид ба амал оварда, оид ба густариши корҳои ҳафриётӣ дар ин пойгоҳ дастуру маслиҳатҳои  арзанда додаанд. Ба замми ин, аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Президенти кишвар бисёр иншооти таърихии ин мавзеъ болопӯш карда шуданд. Маданияти таърихии Панҷакент дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, осорхонаи пойгоҳи бостоншиносии Саразму Панҷакенти қадим маҳфузанд. Ҳоло нигораҳое, ки толорҳои ин осорхонаҳоро зеб мебахшанд, маҳсули кофтуковҳои бостоншиносии Саразму Панҷакенти қадима буда, он зиёда аз 3000 ададро ташкил медиҳанд.
Забони осорхонаҳо нигораҳо мебошанд. Онҳо аз таърихи гузаштаю имрӯзаи миллату ҳалқҳо, қавму қабилаҳоро пеши назари наслҳои имрӯзу оянда боз менамоянд.
Ҳунармандӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ороишоте, ки аз қабри «Маликаи Саразм» ёфт шудааст, ҳунари бойи заргарии ҳазорсолаи IV-III – и пеш аз милодро исбот менамояд.
Панҷакенти қадимро давоми Саразм ё Саразми нав мегӯянд. Нигораҳои ёфтшуда далел бар онанд, ки аҷдодони мо ҳанӯз дар он давраҳо санъату ҳунари заргарӣ, истеҳсол ва коркарди онро ба таври васеъ истифода мебурданд.
Кулолони Саразм наққошони аввалин низ буданд. Дар ин замина, рангҳо низ пайдо шуданд. Кулолону наққошони Саразм тарзи хоси тайёр кардани рангҳои сурх, зард, кабуд, осмонӣ, лоҷувардӣ ва сиёҳро доштанд. Аз Саразми қадим хумдони дуқабата ва чархи кулолӣ ёфт шудааст, ки ин аз санъати баланди кулолӣ шаҳодат медиҳад. Баробари офаридани зарфҳо саразмиён дар рӯи онҳо нақшҳои гуногун, ба монанди хӯшаи гандум, наботот, ҳандасавиро сабт кардаанд, ки ин бо рангҳои табиӣ яъне аз рустаниву минералҳо ҳосил карда мешуданд.
Дар инкишофу пешрафт ва нумуи тамаддунҳо мавқеи шаҳрҳо бағоят бузург аст.
Миллати тоҷик ифтихор дорад, ки шаҳрҳоеро аз қабили Самарқанду Бухоро, Панҷакенту Истаравшан, Кӯлобу Ҳирот бунёд намудааст, ки аҳамияти бузурги фарҳангию таърихӣ доранд.
Боиси сарфарозист, ки ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ғамхорӣ ва дастгириҳои Сарвари давлат қарор дошта, маҳз бо талошҳои ин шахсияти бузург мавзеъҳои таърихӣ диққати олимон ва сайёҳони хориҷиву ватаниро ба худ ҷалб намудаанд.
Фотима СИРОҶЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2019    №: 11    Мутолиа карданд: 3945
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед