logo

фарҳанг

МАЪНАВИЁТ ВА БОТИНУ ЗОҲИРИ ИНСОН

Маънавиёт ҳусни инсон, таҷассумгари дунёи ботину зоҳири ӯст. Вобаста ба ин, ташаккули маънавию ахлоқӣ оғози тарбия буда, дар камолоти шахсият нақши муҳим мегузорад. Тамоми самтҳои дигари тарбия як навъ идомаи тарбияи маънавию ахлоқӣ ба ҳисоб мераванд.   

Тарбияи маънавӣ аз байн бурдани хислатҳои зишт ва тақвияти  хислатҳои неку ҳамида аст. Дар ботини ҳар шахс ду неру - хайр ва шарр ниҳон аст. Ҳаёт як навъ муборизаи ин ду неруст. Ин неруҳо ҳаргиз созиш надоранд ва ҳамеша ҳамдигарро маҳкум мекунанд. Дар раванди мубориза бар он бояд кӯшид, ки некӣ ҳамеша пирӯзу дастболо бошад.
Хислатҳои зишт назарфиребанд. Ин гуна хислатҳо чун риштакирмҳо ба ҳар васила мекӯшанд роҳ дар дили кас макон гиранд, фармонфармои шахс бошанд. Василаи бартарафсозии онҳо тарбияи бардавом, панду андарз, таъкиду талқини ҳамешагӣ ва тарғиби муассири хислатҳои ҳамида мебошад.
Ба назари мо, дар байни воситаҳое, ки маҳкумсозу маҳвнамои қувваи бадиянд, панду андарзи адибону ҳакимону донишмандон нақши боғоят муҳим ва муассир доранд. Аз ин лиҳоз, омӯзгорони моро имконоти фаровон мавҷуд аст. Зеро, адабиёти классики мо аз ҷиҳати фарогирии панду ҳикмат дар ҷаҳон ҳамто надорад. Адабиёти классикии тоҷик мактаби бузургу қудратманди тарбияи маънавию ахлоқист. Асарҳои пурмаънию таъсирбахши адабиёти ғановатмандамон, чун “Калила ва Димна”, “Қобуснома”, “Шоҳнома” - и Фирдавсӣ, “Сад панд” - и Аттор, “Гулистон” ва “Бӯстон” - и Саъдӣ, “Баҳористон” - и Ҷомӣ ва амсоли инҳо, дурдонаҳои гаронбаҳои панду андарзҳоро фаро гирифтаанд ва баҳри роҳандозии таълиму тарбия дар дасти омӯзгорон чун аслиҳаи тавоноянд. Агар бо ҳидояти волидону омӯзгорон ин асарҳоро хонандагон такрор ба такрор хонанд, ба умқи маънии андарзҳои онҳо таваҷҷуҳ намоянд, бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки неруи бадиро дар ниҳоди худ мағлуб хоҳанд карду тавонову накукор хоҳанд шуд.
Албатта, дар ин самт омӯзгор роҳбару раҳнамост. Ӯ бояд панду андарзҳои ҳакимонро тафсир ва дар дили онҳо нисбат ба бадӣ ҳисси нафратро бедор намояд. Зишттарин, пурхавфтарин хислатҳои бад бухл, ҳирс, макр, кибр, ғурур ва ҳасад мебошанд. Ин хислатҳои ношоиста агар дар дили кас “лона” кунанд, ӯро аз нигоҳи маънавӣ хароб менамоянд, ба сатҳи пасти ахлоқӣ мекашанду дар ҷомеа шармсор мекунанд. Омӯзгорро мебояд, ки гиребони шогирдонро аз дасти ин неру раҳоӣ бубахшад. Хонанда дар сурате пешраву муваффақ мегардад, ки ҳастияшро некӣ, шарму ҳаё, ору номус, инсофу адолат, лутфу меҳрубонӣ биорояд. Омӯзгор, бавижа роҳбари синф, бояд пайваста баҳри он талош биварзад, ки хислатҳои бад асар ба хонандагон нагузоранд ва дар сиришти онҳо хислатҳои ҳамида ҷойгоҳи доимӣ дошта бошанд.
Моҳистон АЛИЕВА,
омӯзгори МТМУ № 54 - и
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2019    №: 11    Мутолиа карданд: 585
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед