logo

иқтисод

РАҲНАМОИ КИШОВАРЗОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: “Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ  ва афзун гардондани иқтидори  содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути  рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад”.

Ин дастур кишоварзони мамлакатро водор месозад, ки дар асоси дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам кору фаъолият намуда, аз ҳарвақта бештар ба боздеҳи самараноки замин муваффақ шаванд.
- Дар ноҳияи Муъминобод беш аз 20 номгӯи маҳсулоти ниёзи мардум истеҳсол мешавад. Масалан, деҳқонон порсол 21 ҳазор тонна ғалладона, 26 ҳазор тонна картошка, 6300 тонна сабзавот, 1729 тонна полизӣ, 5731 тонна мева,  3900 тонна ангур, 536 тонна гӯшт, 167 тонна шир, 116 тонна пашм, 87 тонна асал ва 242 ҳазор дона тухм истеҳсол карданд, ки ҳамаи ин нишондодҳо  назар ба солҳои гузашта  зиёд мебошад,- мегӯяд сардори идораи кишоварзии ноҳия Ҷумъахон Сафаров.
Аммо имкониятҳои кишоварзони ноҳия дар муқоиса ба натиҷаҳо хеле зиёданд. Ҳанӯз ҳам сифати иҷрои корҳо қаноатбахш нест,  ҳосилнокии полизиҳо, сабзавот ва ғалла аз ҳар гектар, пашмтарошӣ аз ҳар сар моли майда ва истеҳсоли тухм кам аст. Ноҳия дорои заминҳои сиёҳхоку ҳосилхез мебошад, аммо то ҳол  аз ин  заминҳо ба қадри имконият ҳосил рӯёнда намешавад.
Ин дар ҳолест, ки хоҷагиҳои алоҳида аз замин ҳосили баланд мерӯёнанд. Хоҷагиҳои деҳқонии мавзеъҳои Алака, Хосабоӣ, Ғофилобод, Тутқавул,  Дӯстӣ аз ҳар гектар то 500 - сентнерӣ картошка ва 800 - сентнерӣ пиёз мегиранд. Даромади софи онҳо афзуда, сатҳи зиндагиашон нисбат ба дигар деҳаҳо бамаротиб афзудааст. Ғайр аз ин, кишоварзони ин мавзеъҳо ба ривоҷи кишти зироатҳои  техникӣ рӯ овардаанд. Соле то 500 - 600 гектар зағиру маҳсар мекоранд, ки ин боиси бо равғани арзони истеҳсоли худӣ таъмин гардидани бозор шудааст.
Дар ноҳия ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар мокиён 89 дона тухм гирифта мешавад, ки хеле кам аст. Фабрикаи парандапарварии як вақтҳо овозадори Муъминобод, ки аз 16 сехи истеҳсолӣ иборат буду миллионҳо дона тухму садҳо тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол мекард, беш аз 27 сол боз аз фаъолият мондааст. Ба наздикӣ, бо иқдоми соҳибкор Зуҳуршо Сафаров  4 сехи он таъмиру тармим гардид.  Ду сехи дигар низ дар арафаи бакордарорист. Дар  сурати пурра барқарор намудани корхона, даҳҳо ҷои нави  корӣ муҳайё гашта, саршумори паранда аз 78 ҳазор сари имрӯза ба 150 - 200 ҳазор сар хоҳад расид. Албатта, дар ин радиф арзиши гӯшти паранда ва тухм низ поён хоҳад рафт. Имсол дар асоси шартномаи корхона  бо деҳқонон дар бештар аз 100 гектар ҷуворимакка барои дон кошта мешавад.  
Кишоварзони ноҳияи Муъминобод барои ҳиссагузорӣ дар таъмини амнияти  озуқавории минтақаю вилоят ва ҷумҳурӣ нақшаю  мақсадҳои нек доранд. Дар ин роҳ онҳо Паёми навбатии Сарвари давлатро роҳнамою сармашқи кор қарор додаанд. 
Нурулло ҲАСАНОВ,
ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2019    №: 11    Мутолиа карданд: 738
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед