logo

иқтисод

СУҒД. РОҲАНДОЗИИ БАРНОМАИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ

Татбиқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020 дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд, бомаром ҷараён дорад.

Тавре Алишер Дадабоев, муовини сардори сарраёсати кишоварзии вилоят, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, татбиқи барнома ва вусъат бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ дар вилояти Суғд вобаста ба иқлими ноҳияҳо дар ду марҳила, яъне моҳҳои ноябр – декабр ва аввали баҳорон сурат мегирад. То моҳи ноябри соли 2018 ниҳолпарварони вилоят 794,1 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карданд. Тибқи маълумоти аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрасгардида, дар ин давра 20 гектар боғҳои интенсивӣ доман паҳн карданд, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 2,5, Исфара 0,3, Шаҳристон 6, Конибодом 1 гектар. Айни замон дар мавзеи Рухаки Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 40 гектар замин шинондани ниҳолҳои бодом ва дар ҳамин минтақаи Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони 3 гектар бунёди боғи зардолу ва шафтолу идома дорад. Ҳадаф аз бунёд ва барқарор сохтани майдони дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда, пеш аз ҳама, ғанӣ гардондани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад. Боғпарварони вилоят бо дарки муҳимияти ин масъала барои бунёду барқарор сохтани боғу токзор талош доранд. То ҳол 956,1 гектар боғу токзорҳои куҳна барқарор карда шуданд. Дар мавзеи Рухак  дар заминҳои ҶДММ «Ганҷи ҳилол» бунёди 21 гектар боғи нав ва барқарорсозии 8 гектар боғҳои куҳна низ пешбинӣ гардидааст. Барои таъмини боғпарварон бо навъҳои гуногуни ниҳолу тухмӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Истаравшан, Панҷакент ва Шаҳристон хоҷагиҳои ниҳолпарвар фаъолият доранд. Ҳамзамон, дар филиали суғдии Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мутахассисони соҳа ба парвариши ниҳолҳои гуногуни мевадиҳандаи ба иқлими ноҳияҳои вилоят мутобиқ машғуланд. Ҳоло дар филиали мазкур барои мавсими ниҳолшинонӣ беш аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои зардолу, шафтолу ва олу омодаанд. Дар маҷмӯъ, дар вилояти Суғд дар доираи амалисозии Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2021 давоми се сол дар майдони 90 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда мешаванд. Аз ин ҳисоб бунёди 20 гектари он дар соли 2019 дар назар дошта шудааст. 
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2019    №: 12    Мутолиа карданд: 971
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед