logo

фарҳанг

САДА. ҶАШНИ БУЗУРГИ КИШОВАРЗОН ВА ТАМОМИ МАРДУМИ ТОҶИК

Сада аз бузургтарин ва бошукӯҳтарин ҷашнҳои суннатии тоҷикон буда, паёме аз даврони куҳан, аз ихтирои бузурги инсоният - оташ мебошад. Оташе, ки ба хотири Ҷашни Сада меафрӯзанду дар гирди он аловпарак мекунанд, моро ба гузаштаи дур мебарад, ба марзе, ки дар он ниёгони мо дӯстиву муҳаббат ва рӯшноӣ офаридаанд. Сада асосан пас аз анҷомёбии чиллаи калон таҷлил мегардад. 

Оид ба пайдоиш ва моҳияти Ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои мухталиф зиёданд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки вожаи Сада марбут ба рақами 100 мебошад. Ҷашни мазкур баъд аз сад рӯзи оғози зимистон ва сад рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосили ғаллагиҳои тезрас истиқбол гирифта мешавад. Ва боз гуфтаанд, ки миёни Сада ва Наврӯз 50 шабонарӯз бошад, яъне 50 - рӯз ва 50 - шаб, аз ин сабаб ҷашнро Сада ном ниҳодаанд. Фирдавсии бузург оғози ҷашни Садаро рӯзи кашфи оташ донистааст, чунки оташ яке аз муҳимтарин унсури ҳаётофар дар радифи об, ҳаво ва хок мебошад. 
Бо гузашти замон ва кӯшиши гурӯҳҳои иртиҷоию динӣ ин ҷашни миллии мо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон ҳамчун ҷашни миллӣ аз нав эҳё гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзиш ва қимати ҷашнҳои миллии аҷдодӣ баҳои баланд додаанд: «Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд». Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Доир ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» Сада дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Сада ҷашни кишоварзон, аз ҷумла иди касбии олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ ба шумор меравад. Яке аз оинҳои ҷашни мазкур ҷамъбаст ва натиҷагирии соли гузашта мебошад. Олимони соҳа бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Сада ва таъмини илмии рушди бахшҳои кишоварзӣ пурсамар фаъолият намуда, соли гузашта ба дастовардҳои муайян соҳиб гардидаанд. Аз ҷумла, дар натиҷаи таҳқиқоти селексионии олимон 11 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳанда, 2 дурагаи кирмаки пилла ва 2 дурагаи дарахти тут дар ҷумҳурӣ минтақабоб гардид. Айни ҳол 43 навъи зироату дарахтони мевадиҳанда барои омӯзиш ва минтақабобкунӣ дар Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ қарор доранд.
Татбиқи дастовардҳои илмӣ нисбат ба солҳои гузашта беҳтар гардида, навъҳои пахтаи ватанӣ дар зиёда аз 100 ҳазор гектар ва навъҳои маҳаллии зироатҳои ғалладона дар масоҳати 165 ҳазор гектар кишт шудаанд. Дар хоҷагиҳои академия беш аз 1420 тонна тухмии хушсифати зироатҳои ғалладона ва равғандиҳанда, 1500 тонна тухмии картошка истеҳсол ва зиёда аз 100 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда парвариш гардида, ба хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ пешниҳод карда шуд.
Мошину мошинолоти хурдҳаҷми ихтироънамудаи олимони академия дар хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию инфиродии кишвар мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа ёфта, бо Академияи илмҳои кишоварзии Чин, муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Беларус, Шӯрои таҳқиқоти кишоварзии Ҳиндустон ва Донишгоҳи давлатии ба номи М. Ломоносови Россия шартномаҳо ба имзо расиданд.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ аз ҷониби олимони академия 17 пешниҳод барои ҳалли масоили рӯзмарраи рушди илму истеҳсолоти кишоварзӣ ирсол гардида, аксарияти онҳо пазируфта шуданд, аз ҷумла ба Барномаи маҷмӯавӣ оид ба рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022 ва  Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020.
Ҳоло олимони академия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми захираҳои зеҳнии худро баҳри рушди илми кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона намуда истодаанд.
Нуралӣ АСОЗОДА,
президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, аъзои вобастаи АИКТ,
Давлатҷон КОМИЛЗОДА,
академики АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2019    №: 19    Мутолиа карданд: 582
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед