logo

иқтисод

ПАЁМИ ТАВОНБАХШ

Паёми навбатии Пешвои миллат якчанд ҷиҳати муҳимро фарогир мебошад, ки амалисозӣ ва пайгирии онҳо барои рушду инкишофи ояндаи давлатдории миллӣ муҳим талаққӣ мегардад. Ҷиҳатҳои тавонбахши Паёми навбатиро метавонем ба таври зайл баён намоем:
Тавонбахшии саноат. Пешвои миллат муҳимияти соҳаи саноатро дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъкид намуда, рушди саноатикунониро дар оянда чун ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Зикр шуд, ки зарфиятҳои (потенсиалҳои) кишвар дар ин самт хеле бузурганд, аммо то имрӯз ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хеле ночиз мебошад. Дар ин маврид мақсад гузошта шудааст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонда шавад. Ҳамзамон, пешниҳоди Пешвои миллат дар мавриди аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда аз тавонбахшии истеҳсолоти саноатӣ дар кишвар дарак медиҳад.   
 Тавонбахшии соҳибкорӣ. Дар Паём нақши соҳибкорони ватанӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ шудааст. Барои тавонбахшии соҳибкорон якчанд иқдомҳои муҳим пеш гирифта шуданд, ки барои рушди ин соҳа дар оянда заминаи мусоидро фароҳам меоранд. Манъ намудани тамоми намудҳои санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои солҳои 2019-2020, ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, эълони 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иқдомҳои муҳиме дар самти тавонбахшии соҳибкорианд. Ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар метавонад ба рушди минбаъдаи ин соҳа такони ҷиддӣ бахшад.
 Тавонбахшии кишоварзӣ. Дар шароити Тоҷикистон барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавонбахшии кишоварзӣ низ яке аз ҳадафҳои муҳим дониста шудааст. Пешвои миллат дастур доданд, ки аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва аз худ кардани заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ ва зиёд намудани масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ таъмин карда шавад. Албатта, рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ метавонад бозори истеъмолии кишварро дар ҳама фасли сол бо маҳсулоти босифат ва корхонаҳои саноатиро бо ашёи хоми босифати маҳаллӣ таъмин намояд. Азбаски аксари сокинони кишвар дар деҳот зиндагӣ менамоянд, тавонбахшии соҳаи кишоварзӣ метавонад шароити шуғлии онҳоро беҳтар созад.
 Тавонбахшии деҳот. Барои беҳбудии инфрасохтори деҳот ва таъмини зиндагии арзандаи бошандагони он Пешвои миллат ба масъалаи тавонбахшии деҳот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Мақсад гузошта шуд, ки масъалаҳои таъминоти оби ошомиданӣ, таъмиру тармими иншооти таъминоти иҷтимоӣ, хусусан дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ фасл карда шаванд. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани солҳои 2019 - 2021 қадами муҳиме дар самти тавонбахшии деҳот ва аҳолии он мебошад. Бо амалӣ намудани иқдомҳои зикршуда имконияти касбомӯзӣ, шуғлнокӣ ва дар умум, беҳбудии рӯзгори мардуми деҳоти кишвар боло меравад. Имконият ба миён меояд, ки бошандагони деҳот зарфиятҳои худро барои рушди ҷамъият ҳамаҷониба истифода намоянд.
 Тавонбахшии сокинон. Ҳадаф аз тамоми иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмини ҳаёти арзандаи сокинони кишвар мебошад, ҳамаи нақшаву барномаҳои давлатӣ баҳри таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар таҳия ва амалӣ карда мешаванд. Пешвои миллат дар Паём дар якчанд маврид бевосита ба беҳбудии зисти шаҳрвандон таваҷҷуҳ намуданд. Хусусан, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фарогирии беҳтари кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, аз он дарак медиҳад, ки Ҳукумати кишвар ба тавонбахшии бошандагони мамлакат дар ҳамаи зинаҳои синнусолӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Ҳамзамон, дар Паём бори дигар зикр шуд, ки бо ҷойи корӣ таъмин ва соҳиби касбу ҳунар намудани мардум вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Сарвари давлат таъкид карданд: «Ҳар фарди ҷомеаро зарур аст касбу ҳунаре дошта бошад, то бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад ва дар раванди созандагии Ватан саҳмгузор бошад». Ҳамчунин, эътибори ҷиддӣ додан ба сатҳу сифати дониш ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ аз муҳтавои тавонбахшии Паёми Пешвои миллат дарак медиҳад. Бо омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ шаҳрвандони мо метавонанд маърифат ва касбияти худро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло баранд ва доираи фаъолияту муоширати худро васеъ намоянд.
Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Пешвои миллат нуктаҳои зиёди тавонбахширо дорост. Мо бояд он нуктаҳоро амиқу дуруст омӯзем ва дар фаъолияти худ амалӣ созем.
Шарофиддин СОЛИЕВ,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2019    №: 26    Мутолиа карданд: 580
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед