logo

иқтисод

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Тағйирёбии иқлим ба қатори ҷиддитарин масъалаҳои глобалӣ дохил шуда, тамоми сокинони кураи Заминро ба ташвиш  овардааст. Ин бесабаб нест. Аз рӯи мушоҳидаҳои олимон, соли 2018, дар 20 соли охир, яке аз солҳои гармтарин буд. Ҳатто панҷсолаи охирро низ гирем, яъне солҳои 2014 - 2018, дар муқоиса бо панҷсолаҳои пешин нисбатан гармтар гузашт.
Ба гуфтаи олимон, соли 2019 аз нав «бедоршавӣ» - и ҷараёни гарми Эл - Нино дар назар буда, ҳарорат дар сатҳи сайёра нисбатан баланд мешавад. Пас, соли 2019 ҳарорати нисбатан баланд дар сатҳи сайёра дар назар дошта мешавад. Зеро, соли 2016 ҳангоми амалиёти Эл - Нино  соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ ҳисобида мешавад. Амалиёти ин ҷараён ҳанӯз солҳои 70 - уми асри гузашта боиси дар бисёр минтақаҳо авҷ гирифтани буҳрони озуқа, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ гардида буд.
Байни олимон оид ба тағйирёбии иқлим фикри ягона вуҷуд надорад. Масалан, баъзеҳо баръакс тасдиқ кардан мехоҳанд, ки ба наздикӣ, яъне аз солҳои 2025 ё 2030 ва ё 2050 сардшавии иқлим сар мешавад. Зеро дар таърихи 4 - 5 миллиардсолаи худ Замини мо ба тағйироти зиёд рӯ ба рӯ омадааст, ки яке аз онҳо вуҷуд доштани иқлими гарми тропикӣ дар қисмати шимолии нимкураи Шимолӣ маҳсуб мегардад. Исботи он ёфт шудани устухонҳои мамонтҳои қадимӣ дар Ёқутистони Россия мебошад. Чуноне ки маълум аст, ин ҳайвонҳо танҳо дар иқлими гарми тропикӣ ба сар мебурданд. Аз тарафи дигар, дар қисмати ҷанубии Аврупо ва ҳатто дар минтақаҳои ба хати экватор наздик боқимондаҳои замони яхбандӣ пайдо шуданд. Мувофиқи тадқиқоти палеоклиматӣ, чунин дигаргуншавии иқлим босуръат ҷараён нагирифта, он давоми даҳҳо, садҳо ва миллионҳо сол ба амал меояд.
Айни замон бошад, ба тағйирёбии иқлим таъсири ҳолатҳои антропогенӣ назаррас мебошад. Олимон чандин сол боз аз хавфи таъсири ҳолати парникии атмосфера огоҳ намуда, даъват бар он менамоянд, ки партовҳои газҳои карбону метан ба фазо кам карда шавад. Ба ин хотир, баъд аз имзои протоколи Киото (Япония) дар соли 1997, бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид конференсияҳои байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Париж ва Копенгаген баргузор гардиданд. Дар кори ин конференсияҳо олимони варзида ва роҳбарони зиёда аз 100 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд. Дар конференсияи Копенгаген муайян шуд, ки ҳоло ҳавои сайёра аз меъёри муқаррарӣ 0,70С (дар давоми 100 сол) баланд шудааст ва то соли 2020 эҳтимол аз 1, 5 то 4, 50С боло равад. Ин рақам далел бар он дорад, ки ҳарорати ҳавои атмосфера бояд дар сатҳи 20С нигоҳ дошта шавад, ки ин аз ҷониби давлатҳои мутараққӣ ҷудо намудани маблағи зиёдро талаб мекунад. Ҳукумати пештараи ИМА бо сарварии президенти собиқи он Барак Обама ба протокол имзо намуда буданд. Вале, чанде пеш президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод, ки Амрико аз Шартномаи Париж даст мекашад. Ин даъвои худро Трамп ба он асоснок менамояд, ки баъзе олимон ӯро бовар кунонданд, ки таъсири антропогенӣ ҳолати тағйирёбии иқлимро муайян намекунад ва дар ин ҷо дигар омилҳои табиӣ нақши асосӣ мебозанд. Вале вай номи ин олимонро номбар накард. Аз тарафи дигар, дар ИМА сохторҳои давлатӣ ба монанди Агентии кайҳонӣ (НАСА) ва дигарҳо дар натиҷаи тадқиқоти худ муайян намуданд, ки гармшавии глобалии сайёра ба зиёдшавии консентратсияи дуоксиди карбон вобаста аст, ки ин таъсири бевоситаи антропогенӣ мебошад. Бинобар ин, аксари донишмандон дар ИМА бовар доранд, ки дар рӯзҳои наздик Трамп аз фикри худ хоҳад гашт. Дар Россия ҳам Думаи давлатӣ ҳоло қарори мазкурро ратификатсия накардааст, вале чуноне ки аз суханрониҳои ахири президенти ин кишвар Владимир Путин ва дигар олимони шинохтаи соҳа бармеояд, бояд дар рӯзҳои наздик ин ҳуҷҷати муҳим қабул карда шавад.
Дар кори конференсияи Копенгаген Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат ва суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҳоло қариб 70 дарсади истеҳсоли барқ дар Осиёи Марказӣ аз ҳисоби сӯзишворӣ буда, аз ин ҳисоб миллионҳо тонна гази карбон ба фазо хориҷ мешавад. Дар Тоҷикистон бошад, зиёда аз 90 дарсади неруи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Ҳоло кишвари мо дорои қариб 530 миллиард кВт соат қувваи барқ мебошад, ки ҳамагӣ 5 дарсади он истифода мешаваду халос. Ин захираи бузург аз талаботи бо неруи барқ доштаи давлатҳои Осиёи Марказӣ 3 баробар зиёд аст. «Истифодаи ин захираҳо барои тамоми Осиёи Марказӣ имконият медиҳад, ки дар баробари сарфаи  захираҳои  нафту  газ  ва  ангишт  боз садҳо миллион тонна партовҳои парникӣ ба фазои атмосфера кам карда шавад», -  зикр намудааст Пешвои миллат. 
Солҳои охир як қатор олимону мутахассисони давлатҳои гуногун роҳҳои пешгирии гармшавии ҳавои атмосфераро ҷустуҷӯ намуда, ҳар гуна лоиҳаҳо пешниҳод мекунанд. Масалан, як гурӯҳ иқлимшиносони амрикоӣ ният доранд, ки дар соли 2019 бо мақсади пешгирии гармии сатҳи фазо таҷрибае гузаронанд. Онҳо ба қабати стратосфера пуфакиҳавоиро (воздушный шар) бо балонҳои аэрозол, ки карбонати калтсий доранд, сар медиҳанд. Дар баландии 20 километр пайвастагиҳои химиявӣ паҳн мегарданд ва пуфак аз қабати абрҳои аэрозолдошта гузашта, дигаргуншавии ҳароратро дар фазо месанҷад. Яъне онҳо мехоҳанд фаҳманд, ки то чи андоза ин заррачаҳо метавонанд шуои Офтобро баргардонда, ҳарорати сатҳи Заминро паст намоянд.
Қисми дигари олимон аз Донишгоҳи Ҳарварди ИМА чунин меҳисобанд, ки кам кардани партовҳои гази карбон ба атмосфера вазъияти мавҷударо тағйир хоҳад дод. Онҳо ба ном яке аз лоиҳаи геоинженериро пешниҳод намуданд, ки дар давоми ду сол чунин намуди аэрозолро кор карда мебарояд. Он қодир аст қабати сайёраи моро сард карда, ҳатто сӯрохиҳои озониро пӯшонад. Онҳо ин пешниҳоди худро бо он асоснок менамоянд, ки ҳангоми ҷӯш задани вулқонҳо аз ҳисоби хокистари дар фазо паҳншуда, чандин муддат ҳарорати Замин паст мешавад. Аввал онҳо мехостанд, ки дар стратосфера заррачаҳои сулфатро паҳн кунанд, вале маълум гардид, ки бо ин роҳ кислотаи сулфат пайдо шуда, он ба қабати озонӣ зарар мерасонад. Он ягона қабат ё сипаре ҳаст, ки сайёраи моро аз радиатсияи Офтоб ҳифз менамояд. Баъдтар ба фикре омаданд, ки пайвастагии химиявии карбонати калтсийро истифода баранд, ки он на танҳо нурҳои Офтобро мегардонад, балки кислотаҳои пайдошударо безарар карда, ба қабати озонии стратосфера осебе намерасонад. Вале лоиҳаи мазкур аз тарафи дигар мутахассисон қабул карда нашуд, зеро паҳншавии аэрозол боиси гармшавии қабати уқёнуси ҷаҳонӣ ва пастшавии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ хоҳад гашт.
Лоиҳаи дигаре, ки пешниҳод шудааст, ин аст. Азбаски уқёнуси ҷаҳонӣ маркази асосии муайян намудани обу ҳавои сайёра мебошад, бинобар ин,  таҷрибаҳои асосӣ бояд дар он сурат гиранд. Мувофиқи ин идея, бояд оби баҳрҳо бо ионҳои оҳан «сер» карда шаванд. Бо ин роҳ, протсесси фотосинтез дар обсабзҳои баҳрӣ (плангбон) суръат гирифта, фурӯбарии гази карбон хеле зиёд мегардад. Ҳамин тавр, хавфи газҳои парникӣ хеле кам мешавад.
Лоиҳаи навбатие, ки чанде пеш пешниҳод шудааст, аз назари илмӣ   хавфнок низ мебошад. Мувофиқи он дар қисматҳои беодами сайёра якчанд таркишҳои термоядроӣ гузаронда шавад. Бо ин роҳ дар фазои атмосфера чангу ғубори зиёд пайдо шуда, дар охир он ба сардӣ меоварад. Ин лоиҳа аз ҷониби аксари олимону мутахассисон маҳкум карда шуд.
Дар замони шӯравӣ як гурӯҳ олимони кишварҳои ҳамсоя барои дар солҳои хушксолӣ ва камобӣ таъмин намудани майдони пахтазор бо об пешниҳод намуда буданд, ки дар ноҳияҳои кӯҳсори Тоҷикистон боронҳои сунъӣ (бо роҳи дар фазо паҳн кардани реагентҳо) ташкил карда шавад. Азбаски давлат ягона буд, аввалин шуда олимони Институти географияи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ муқобил баромада, оқибатҳои нохуши онро исбот намуданд. Ҳамин тавр, ин лоиҳа дар дигар муассисаҳои илмии Осиёи Марказӣ низ дастгирӣ наёфт.
Аз ин хотир, метавон хулоса кард, ки дар ҳама давру замон дахолати бемаврид метавонад боиси оқибатҳои вазнин барои тамоми сайёра ва одамон гардад. Аз ин бармеояд, ки ҳангоми ба нақша гирифтани ягон лоиҳа, пеш аз ҳама, ба табиат эҳтиёткорона муносибат бояд намуд, зеро вайрон ва ё ба назар нагирифтани қонунҳои табиат боиси сар задани нохушиҳои зиёде хоҳад гашт. Набояд фаромӯш кард, ки табиат «қасди» худро дер ё зуд мегирад. 
Холназар МУҲАББАТОВ,
доктори илмҳои география,
профессор  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2019    №: 26    Мутолиа карданд: 733
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед