logo

фарҳанг

ДАР ҶАВОНӢ САЪЙ КУН... ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР ОСОРИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА АЛИШЕРИ НАВОӢ

Дар миёни намояндагони илму адаби ҳазорсолаамон Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ чеҳраҳои дурахшоне мебошанд, ки бо ҳикматҳои худ дар тарбияи маънавии мо - ҷавонон нақши босазо гузоштаанду мегузоранд. Зиндагиномаи ин адибон мактаби шоистаи илму адаб буда, пеш аз ҳама шеваи дӯстии самимона ва муносибатҳои неки устоду шогирдро бозгӯ менамоянд.
Дар ин бора навиштаанд: «Абдураҳмони Ҷомӣ дӯстону шогирдони бисёр дошт, ки бо онҳо пайваста базми шеъру суруд меорост ва суҳбатҳои дилангез мекард. Яке аз шогирдони беҳтарини Ҷомӣ Алишери Навоӣ буд ва муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дӯсти ҷонӣ ва ду ҳамкору ҳаммаслак ба назар мерасид. Онҳо пайваста ба якдигар рубоӣ, қитъа ва байтҳои ҷавобия навишта, ҳамчунин, дар рӯзҳои сахтӣ тасаллидиҳандаи қалбу рӯҳи якдигар буданд».
Яке аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ панду ахлоқ буда, шоир ба воситаи баёни ҳикматҳои нодири худ хонандаро ба андӯхтани илму дониш, омӯзиши касб ва  хештаншиносию инсондӯстӣ раҳнамун месозад. Чунончи, дар қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқии насли наврас диққати махсус дода, таъкид менамояд, ки ҷавононро аз кӯдакӣ бояд тарбия кард ва ба роҳи рост ҳидоят намуд. Ба ақидаи шоир, ҷавонон ба мисли дарахтони навбар мебошанд. Агар ин ниҳолҳо аз хурдӣ тарбият ёбанд,  ҳосили хуб медиҳанд  ва ҷавонон низ, чун бо тарбияи дуруст ба камол расанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд кард. Ҳамчунин, дар қасидаи мазкур қайд менамояд, ки агар шахс соҳиби донишу хирад бошад, ҳеҷ гоҳ дар шумори нодору фақир нест.
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бе нуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Гар надорад симу  зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шаҳи баҳру бар аст.

Ҷомӣ дар рубоиёт ва қитъаоти худ низ бештар ақидаҳои панду ахлоқиро баён доштааст. Чунончи, дар қитъаи зерин ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯзгор – фазлу ҳунар дахл намуда, таъкид менамояд, ки инсон бояд меҳнатдӯст бошад. Ӯ бояд омӯхтан ва меҳнат карданро  барои худ ор надонад, на аз пайи номи падар шавад, балки  фазлу ҳунари худро дар назди мардум нишон диҳад. Агар ин сифатҳоро надошта бошад, мисли шохи беҳосили  дарахти мевадор мебошад, ки онро танҳо барои ҳезум истифода мекунанд:
Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад на аз фазлу ҳунар,
Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар, гарчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.

Дар ҷойи дигар Ҷомӣ омӯхтани донишу хирадро беҳтарин роҳи ҳалли ҳама гуна кору пайкор ҳисобида, бо ишора ба мо - насли ҷавон, чунин гуфтааст:
Зи дониш шавад кори гетӣ басоз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.

Алишери Навоӣ ҳамчун устоди худ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ хонандаро аз дунёи хоксорию ҷавонмардӣ ва поксириштию поктинатӣ бохабар намудааст. Аз ҷумла, дар қитъаоти худ шоир хислатҳои наҷиби инсониро тараннум карда, дар баробари он тамаъкорӣ, мардумфиребӣ ва дурӯғгӯӣ барин сифатҳои пасти ба инсон ношоистаро мазаммат намудааст. Чунончи, дар ситоиши мардию  саховатмандӣ гуфтааст:
Ҷавонмард аз карам муфлис нагардад,
Сахиро аз ато чин нест дар чеҳр,
Ба пошидан чӣ нуқс ояд ба дарё,
Ба афшондан чӣ кам гардад зари меҳр?

Навоӣ дар осори хеш қадру қимати шахсро яке аз муҳимтарин нишонаҳои инсони комил шумурда, ришваситониву тамаъҷӯиро воситаи аслии беқадр гардидани кас дар ҷамъият донистааст ва ҳамзамон риёкоронро мазаммат намуда, ба гадоён баробар медонад:
Чу иззат боядат, тарки тамаъ кун,
Гадоёнро аз ин маънист хорӣ.
Маҳ аз хуршеди равшан чун зиё хост,
Сияҳрӯ гашт аз он беэътиборӣ.

Адиб хонандагони осорашро меомӯзонад, ки ҳамеша ба ҳангоми суҳбат оростан эҳтиёткор бошанд. Ҳамчунин, набояд ҳар сухани шунидаро бемулоҳиза дар байни мардум паҳн созанд. Ба ҷуз ин, зам намудани сухани дигарро ба худ роҳ надода, гӯшро аз ҳарфҳои ношуниданӣ ва забонро аз суханҳои ногуфтанӣ нигаҳ доранд:
Ҳар чиз расад зи аҳли даврон махурӯш
В-аз қисми азал зиёдаро беш макӯш.
Барбанд зи ношуниданӣ рахнаи гӯш
В-аз ҳар чӣ нагуфтанӣ, забон дор хамӯш.

Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки эҷодиёти ин ду мутафаккири барҷаста, ки дар адабиётамон нақши шоиста доранд, саросар ҳикмату панду андарз буда, ба ҳар як хонанда ғизои маънавӣ мебахшанд ва махсусан мо -  ҷавононро  ба пайроҳаи рости ҳаёт раҳнамоӣ мекунанд.
Меҳроб ҶАЛИЛОВ,
мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 956
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед