logo

иқтисод

ИСТЕҲСОЛОТ. АМНИЯТИ ҒИЗОӢ ВА ИҚТИДОРИ СОДИРОТӢ

Бо вуҷуди таъмин будани аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, зиёд гардидани талабот ба озуқаворӣ дар натиҷаи  афзоиши аҳолии кишвар ва минтақа  тақозо менамояд, ки дар роҳи рушди истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ иқдомҳои ояндадор пеш гирифта, захираҳои мавҷуда самаранок истифода шаванд.
Пӯшида нест, ки нобаробарӣ дар таъминоти ғизо байни кишварҳо эҳтимолан ба оқибатҳои ногувор ва низоъҳои иқтисодию сиёсӣ оварда мерасонад. Бинобар ин, масъалаи таъминоти амнияти озуқаворӣ барои кишвари соҳибистиқлоли мо аз масоили муҳими ҳаётист. Дар ин ҷода пешбурди соҳаи маҷмаи аграрию саноатӣ ва гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди саноатию аграрӣ яке аз пояҳои асосии осоиши иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва амнияти иқтисодии кишвар ба шумор меравад. 
Солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат маҷмаи аграрию саноатии ҷумҳурӣ бо сабабҳои маълум ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ буд. Ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тантанаи осоиштагию ваҳдат рушди ин соҳаи муҳими ҷумҳурӣ таҳким ёфт ва дар маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ҳиссаи истеҳсолоти агросаноатӣ ба таври кофӣ боло рафт. Тибқи омори кишоварзӣ, соли 2018 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли пешӣ 4 дарсад афзуд. Хусусан истеҳсоли ғалладона, картошка, сабзавот ва маҳсулоти гӯшту шир назар ба солҳои пешӣ хеле зиёд гардид.
Мусаллам аст, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини Истиқлолияти давлатӣ ҳадди лозими худкифоӣ аз маводи ғизоӣ мебошад. Тавре аз омори тавлидоти дохилӣ бармеояд,  истеҳсоли дохилии маҳсулоти озуқаворӣ  на камтар аз 80 дарсади талаботи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ин рақам аз рӯи талаботи институтҳои байналмилалии иқтисодӣ,  аз сатҳи худкифоии ғизоӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад. 
Ҳоло, ки ҷомеаи инсонӣ ба ҳолати коҳиш ёфтани захираҳо ва  зиёд гардидани талабот ба озуқаворӣ рӯбарӯст, баробари таъминоти шароити истеҳсолот ҳифзи умури кишоварзӣ ва идораи самарабахши низоми аграрӣ вазифаи аввалиндараҷаи масъулони ин бахш маҳсуб меёбад. Пеш аз ҳама, ниҳодҳои дахлдори соҳаро зарур аст, ки татбиқи барномаҳои мукаммали  иқтисодиро барои пешгирии хатарҳо ба амнияти озуқаворӣ равона созанд. Яке аз роҳҳои вусъати истеҳсолоти кишоварзӣ роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ тавассути дастгирии соҳибкорони кишоварзӣ ба шумор меравад.
Имрӯзҳо мавқеъ пайдо намудан дар  бозори ҷаҳонии озуқаворӣ хеле мушкил гардида бошад ҳам, барои кишвари мо ин кор аз лиҳози сифати баланди маҳсулот имконпазир аст. Дастрасӣ ба  ин бозор вазъи таъминоти комили озуқавории аҳолиро ба василаи тавсеаи фаъолияти соҳибкорони ватанӣ беҳбудӣ мебахшад. Бинобар ин, ташаккул додани сохтори ташкилию идоракунии  захираҳои табиӣ ва дастгирии паҳлуҳои нисбатан заифи умури кишоварзӣ дар мамлакат муҳим мебошад. Ин амал барои равнақи тавлидот ва содироти маҳсулоти коркардшуда шароиту имконияти васеъ фароҳам оварда, ба пешрафти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд. Ҳамчунин, дар ин ҷода, ҷорӣ кардани танзими давлатии интиқолу фурӯши маҳсулот,   сабукии гумрукӣ ва ҳавасмандкунии соҳибкорони ватанӣ зарур аст.
Навъҳои самаровару ба дигаргуншавии иқлим тобовари зироатҳо, роҳу усулҳо ва технологияи нави парваришро бояд дар истеҳсолот истифода намоем, то ки ҳар ваҷаб замини киштбоби мамлакат самаранок истифода шавад. Дар акси ҳол муносибати бепарвоёна дар истифодаи неъматҳои табиат, хусусан замину оби фаровон ва ҳайвоноту набототи нодир, ҳолати вобастагӣ аз маҳсулоти воридотиро аз байн нахоҳад бурд.
Фаррух АБДУВОСИЕВ, номзади илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2019    №: 36    Мутолиа карданд: 535
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед