logo

иқтисод

БО СИПОС ЯК ДАРХОСТ

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Бо сипос як дархост», ки аз номи сокини деҳаи Латтахораки Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор Шариф Ҳалимов дарҷ шудааст, мавриди баррасӣ қарор  дод.
Таъмини нафақаи шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бо мақсади баланд бардоштани андозаи нафақаҳои шаҳрвандон ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии нафақагирон вобаста  аз имкониятҳои молиявии буҷетҳои дахлдор пайваста тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли охир зимни таҳияи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба зиёдшавии андозаи нафақаҳои шаҳрвандоне, ки солҳои пеш ба нафақа баромадаанд ва имрӯз андозаи нафақаашон дар қиёс ба нафақаи дигар шаҳрвандон нисбатан пасттар мебошад, афзалият дода мешавад. Аз ҷумла, соли 2018 низ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018 ба зиёдшавии нафақаҳои чунин категорияи шаҳрвандон, ҳамчунин, шаҳрвандоне, ки дар соҳаи кишоварзӣ кору фаъолият намудаанд ва дар деҳот зиндагӣ мекунанд, афзалият дода шуда, бо мақсади амалӣ намудани фармони мазкур ва дастгирии иҷтимоии нафақагирон дар 4 моҳи соли 2018 аз буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 114 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуд.
Дар оянда низ дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳа ва ҳамзамон, имкониятҳои молиявии буҷетҳои дахлдор ин иқдом идома меёбад ва барои марҳила ба марҳила зиёд намудани андозаи нафақаҳои шаҳрвандон, инчунин, афзоиши сатҳи андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии нафақагирон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Таъйин ва бозҳисобии нафақаи Шариф Ҳалимов аз рӯи ҳуҷҷатҳои дар асноди нафақавиаш мавҷудбуда мавриди таҳлил қарор дода шуд. Таҳлил нишон дод, ки ба номбурда моҳи феврали соли 1991 аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба таъйини нафақа дар шаҳри Ҳисор дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти собиқаи кории 34 солу 3 моҳ нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол таъйин карда шудааст.
Минбаъд нафақаи номбурда дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зиёдшавии нафақаҳои шаҳрвандон якчанд маротиба мавриди бозҳисобӣ қарор дода шуда, то 1 сентябри соли 2018 андозаи он 246,80 сомониро ташкил менамуд.
Аз 1 сентябри соли 2018 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  нафақаи Шариф Ҳалимов 54 сомонӣ зиёд карда шуда, ба  300,80 сомонӣ баробар карда шудааст, ки афзоиш 21,9 дарсадро ташкил менамояд.
Натиҷаи таҳлил собит намуд, ки таъйин ва бозҳисобии нафақаи Шариф Ҳалимов аз рӯи ҳуҷҷатҳои дар асноди нафақавӣ мавҷудбуда бо риояи талаботи қонунгузории соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа амалӣ гардида, мувофиқи реҷаи тасдиқшуда сари вақт маблағгузорӣ ва пардохт шуда истодааст.
Н. ОДИНАЗОДА,
муовини якуми директори Агентии
суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2019    №: 39    Мутолиа карданд: 529
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед