logo

иқтисод

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. АВҶИ ОБОДКОРИҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

Мардуми заҳматкашу бунёдкори  ноҳия сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлатро сармашқи кор намуда, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

- Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳиссагузории соҳибкорони  саховатпеша ва сокинони меҳнатқарин дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз сохтмони майдони Парчами давлатӣ, шуъбаи бачагонаи беморхона, биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 34, 40, маркази табобатӣ ва хизматрасонӣ бомаром идома дорад, - гуфт Алишер Мирбобоев, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия.
Тибқи иттилои ӯ, дар шафати бинои идораи ҷамоат то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони Парчами давлатӣ бо харҷи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд мегардад, ки баландии сутунпояи он 50 метрро ташкил медиҳад.
Иншооти дигари ҷашнӣ бинои шуъбаи касалиҳои бачагонаи беморхонаи ҳудуди ҷамоат аст, ки бо маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 0,48 гектар то соли 2020 қомат меафрозад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34 соли 1987 бунёд ёфтааст.  Бо сабаби афзоиши шумораи хонандагон то соли 2021 бинои нав бо харҷи 20 миллион сомонӣ сохта мешавад, ки он чорошёна буда, дар як баст 1000 хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифта метавонад. Сохтмони бинои иловагии МТМУ № 40 бо ҳашт синфхона бо сарфи 850 ҳазор сомонӣ барои 240 таълимгиранда дар ду баст тарҳрезӣ шудааст.
Соли равон аз ҷониби соҳибкор Муҳиддин Самадов маркази табобатию хизматрасонӣ, ки сохтмонаш соли сипаришуда шурӯъ шудааст, дари худро барои мардум боз менамояд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он 35 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегардад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2019    №: 42    Мутолиа карданд: 535
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед