logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИСТАНБУЛ

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Истанбул - 2019, ки 28 феврал ифтитоҳ ёфт, маҳсулоти риштагии худро манзури харидорон ва тамошобинон намуд. Кишвари моро дар ин намоишгоҳи муътабари ҳарсолаи байналмилалӣ панҷ корхонаи ресандагӣ - «Ваҳдат текстил», «РБТ Ресандаи Тоҷикистон», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Спитамен текстайлз» ва «Хима текстил» намояндагӣ карда, анъанаи хуби ҳузури ҳамешагии корхонаҳои Тоҷикистонро дар намоишгоҳҳои соҳавии байналмилалӣ идома медиҳанд.
Ин бори ҳаштум аст, ки корхонаҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии соҳавии шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ширкат меварзанд. Истанбул – шаҳри калонтарин ва маркази тиҷоратии Туркия, ки ҳудуди он дар ду қитъа – Осиё ва Аврупо тӯл кашидааст, ҳамчун «қалби саноатии ришта дар АвруОсиё» шуҳрат ёфтааст. Намоишгоҳи Истанбул чун анъана пешсафони соҳаҳои нассоҷию бофандагиро гирд меоварад. Дар намоишгоҳ нахи пахта, таҷҳизоту маҳсулоти нассоҷию дӯзандагӣ ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои кишварҳо ва ширкатҳо дар сатҳи байналмилалӣ манзур ва муаррифӣ мешаванд. Дар намоишгоҳи имсолаи Истанбул ширкати беш аз 8000 боздидкунанда, соҳибкор ва тоҷир аз 80 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ бо мусоидати Ҳукумати кишвар ва дастгирии молиявии Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ ҷараён гирифт. Шарики маҳаллии МТБ – ширкати консалтингии «ACT Development grour» ҳайати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунад. Намоишгоҳ се рӯз идома меёбад.
Ба андешаи сардори дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон Саймуъмин Камолов, ширкат дар намоишгоҳҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, назири Намоишгоҳи байналмилалии Истанбул, ҷиҳати рушду тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, омӯзиши таҷрибаи ширкатҳои маъруф, муаррифии молу маҳсулот ва воридоти таҷҳизоту технологияи насли навтарин ҷиҳати истеҳсоли  моли рақобатпазири содиротӣ мусоидат мекунад.
Рушди саноати сабук, хосса нассоҷию дӯзандагӣ, ки яке аз бахшҳои афзали иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ин мақсад, барномаҳои давлатии рушди соҳа татбиқ мегарданд.
Моҳи феврали соли равон корхонаҳои «Нурфуд», «Евро Азия-2005», «Сахо К», «Тавҳид ва компания» - и Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии «Продэкспо-2019», ки дар пойтахти Россия - шаҳри  Москва доир гардид, маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд ва    обҳои ташнагишикани корхонаи «Евро Азия-2005», «Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1»  ҳамчун маҳсулоти беҳтарин ба гирифтани  дипломи фахрӣ,  «Ситораи тиллоӣ»  ва «Медали тиллоӣ»  сазовор шуданд.
Моҳи сентябри соли гузашта  дар Намоишгоҳи 51-уми байналмилалии молу таҷҳизоти саноати сабук  «Текстиллегпром» - бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро корхонаҳои «Ваҳдат текстил», «Гулистони Душанбе», «Лиман», «Ноҳид», «Раҳимов А.А.», «Сапсан» ва «ХИМА текстил» муаррифӣ карданд.
Бо мақсади  муаррифии молу маҳсулоти корхонаҳои  истеҳсолии Тоҷикистон, ҷалби сармоя ва рушди иқтисоди мамлакат дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон - 2019»  баргузор мешавад.
Тавре раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода чанд рӯз пеш зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ҳоло бо супориши Сарвари давлат дар маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо, ки майдони умумии он 28 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, бунёд меёбад.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2019    №: 45    Мутолиа карданд: 530
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед