logo

иқтисод

МАСТЧОҲ. КОРХОНАИ АЗИМ АЗ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ПАРДОХТ

Бо назардошти  аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар кишвар бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон шуд ва ҷиҳати роҳандозии иқдоми мазкур дар ҳамаи манотиқи Тоҷикистон  дар ин самт тадбирҳои мушаххас  амалӣ мешаванд.
Аз ҷумла, агар соли сипаришуда дар вилояти Суғд дар маҷмӯъ, 93 корхонаи  истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, зиёда аз 1300 ҷойи кор таъсис ёфта бошад, тибқи нақша имсол дар ҳудуди вилоят 177 корхонаи нави саноатӣ ба кор медарояд. Ҳамзамон, роҳбарияти вилоят дар талош аст, ки коргоҳҳои қаблан бозистода бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармояи соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва ворид кардани хатҳои нави технологӣ ба кор дароварда, ба ин васила, коркарду истеҳсоли  маҳсулоти содиротии бозоргир рушд ёбад ва барои сокинон ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.
Корхонаи ресандагӣ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, ки бо номи «Олим текстайлз» дар остонаи Ҷашни  20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ба фаъолият оғоз карда буд, инак, баъди бозистии 2 - сола бо дастури Сарвари давлат, кӯшиши роҳбарияти вилоят ва иқдоми  ҶДММ «Ангубин»  аз нав ба кор шурӯъ кард. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, дар маросими эҳёи корхона ба масъулон супориш дод, ки  корро муътадил ва босамар ба роҳ монанд ва барои ҳавасмандии кормандон, хусусан бонувони маҳаллӣ, тадбирҳо андешида, маҳсулоти бозоргири содиротӣ истеҳсол намоянд.
Бино ба иттилои Шариф Неъматов, муовини директори генералии корхона, ҳоло дар ин ҷо хатҳои технологии муосири истеҳсоли олмонӣ насб шуда, иқтидори лоиҳавии коркарди нахи пахта дар як сол ба зиёда аз 6,5 ҳазор тонна расонда шудааст ва дар се баст то 400 нафар ба кор машғуланд. Технологияи пешқадам имкон медиҳад, ки 10 намуди ресмони аълосифати ҷавобгӯй ба талаботи бозори ҷаҳонӣ истеҳсол гардад. Тибқи нақшаи роҳбарияти корхона, баробари ресмон боз истеҳсоли матоъҳои хушсифати пахтагин низ ба роҳ монда мешавад.
- Шодии моро канор нест, - мегӯяд Мақсуда Қурбонова, оператори дастгоҳи ресмонбофии корхона, - зеро қариб ду сол бекор монда, дар пешбурди рӯзгор мушкилӣ кашидем. Инак, бо ҳидояти Пешвои муаззам боз соҳиби шуғл ва музди хуби маош хоҳем шуд. Моҳе то 1000 сомонӣ ва аз ин ҳам, зиёд маош мегирем.
- Мо, бонувони ноҳия, ба шарофати фаъолияти ин корхона соҳиби шуғли доимӣ гардида, ифтихор мекунем, ки дар рушди иқтисодии кишвар саҳм мегузорем, - изҳор дошт Хуршедамоҳ Сафарова.
Технологияи пешқадамтарин, мавҷуд будани  ашёи хоми асосӣ дар худи ноҳия ва қувваи корӣ имкон медиҳад, ки корхонаи ресандагии «Ангубин» дар фаъолият муваффақ шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки  марҳила ба марҳила корхонаҳои дигари  соҳаи саноати сабук, аз ҷумла «Хуҷанд неку», «Нассоҷии Хуҷанд», «Ресандаи Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд ва корхонаҳои саноатии шаҳру навоҳии Конибодом, Исфара, Истаравшан, Спитамен низ бо ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ  муътадил фаъолият хоҳанд кард ва ин имкон медиҳад, ки рушди босуръати саноатӣ таъмин карда шавад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2019    №: 45    Мутолиа карданд: 588
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед