logo

иқтисод

ЁВОН. НИГАРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ БОЗИСТИИ 24 КОРХОНА

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз рӯзгори собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ҷараёни корҳои сохтмонӣ  ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва омодагии хоҷагидорон ба киштукори баҳорӣ аз ноҳияи Ёвон дидан кард.

Сафари корӣ аз аёдати иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Раҳмат Қаландарови 102 - сола оғоз гардид. Ин марди солдида 5 фарзанд ва 110 набераю абера дорад.
Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои охирини сохтмонӣ дар иншооти замонавии маркази хизматрасонии “Сумая” ва майдончаҳои варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав шинос шуд. Ба гуфти соҳибкорон, баъди ба истифода додани ин иншоот 40 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегардад. Раиси вилоят ба соҳибкорон дастур дод, ки дар як қисмати бино коргоҳи дӯзандагӣ таъсис диҳанд, то занони маҳаллӣ бо кор таъмин гардида, дӯхтани либоси ягонаи мактабиро ба роҳ монанд.
Майдончаи варзишии дорои тамоми шароити муосир рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Бино ба иттилои соҳибкорон, ин майдончаи варзишӣ болопӯшида ва ба ҳама фаслҳои сол мувофиқ мебошад.
Омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва гузарондани техникаҳо аз муоинаи техникӣ дар ҶДММ “Рушди кишоварзии Тоҷикистону Чин” бо иштироки раиси вилоят ва масъулони соҳа ҷараён гирифт. Зимни боздид баъзе камбудиҳо – омода шудани трактор ва тухмипошакҳо аз ҷониби механизаторон ба назар расид. Дастур дода шуд, ки дар рӯзҳои наздик камбудӣ бартараф гардад.
Барои ба бозорҳои ватанӣ баровардани маҳсулоти хушсифат, аз ҷумла помидор, соҳибкорон дар 163 гармхона тухмии аълосифати “Назира” коштаанд, ки ҳоло ҳосили хуб ба бор овардааст. Хоҷагидорон мегӯянд, ки онҳо аз як ниҳол то чор кило помидор ҷамъоварӣ мекунанд. Алҳол нархи як килои помидор дар бозор аз 12 то 15 сомониро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят бо рӯзгори чанде аз собиқадорони ноҳия шинос гашт.  Ба эҳтиёҷмандон ба истиқболи ҷашнҳои дарпешистода аз номи раиси вилоят маводи ғизоӣ ва туҳфаҳо супурда шуд.
Ҳамзамон, раиси вилоят аз корхонаи парандапарварии “Мурғи беҳамто” дидан намуд. Гуфта шуд, ки ин корхона дар ҳудуди вилоят аз беҳтаринҳо ба ҳисоб рафта, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати парандаро ба роҳ мондааст. Бино ба иттилои роҳбарияти корхона, дар ин ҷо коргоҳи ҳасиббарорӣ низ таъсис дода мешавад. 
Раиси вилоят зимни вохӯрӣ бо фаъолон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аз 49 корхонаи хурду бузурги ноҳия 24 - тоаш аз фаъолият бозмондааст. Ҳамчунин, Қурбон Ҳакимзода ба корҳои сари вақт иҷро нагардидани нақшаи андоз ва таъмир нашудани роҳҳои ҳудуди ноҳия эроди ҷиддӣ гирифт. Зикр шуд, ки дар ноҳия аз ҷониби андозсупорандагон 6 намуди андоз иҷро нагардидааст.
- Дар ноҳия зиёда аз 2500 соҳибкор фаъолият дорад, аммо дар самти  бунёди иншооти замонавӣ ташаббусҳо кам ба назар мерасанд, - гуфт раиси вилоят.
Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2019    №: 48    Мутолиа карданд: 675
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед