logo

иқтисод

ДЕҲОТ. РУШДИ ҲУНАР РУШДИ ЗИНДАГИСТ

Бо вуҷуди он ки шаҳрҳо дар рушди тамаддуни инсонӣ нақши ниҳоят бузургро бозидаанд, деҳот низ дар ин ҷода мавқеи хоси худро дорад. Вақте аввалин корхонаҳои ҳунармандию саноатӣ дар шаҳрҳо пайдо шудаанд, онҳо бо ашёи хоме, ки бештар аз деҳот ворид мегардиданд, ниёз доштанд. Минбаъд, аз деҳот ба шаҳр барои кор мардуми зиёдро ҷалб мекарданд, ки дар байни онҳо шахсони ҳунарманд кам набуданд. Онҳо дар корхонаҳо баъди чанд муддате ба устои ҳақиқӣ табдил ёфта, шогирдонро тарбия ва корхонаҳои хурди косибию ҳунармандӣ бунёд менамуданд. Қисме аз онҳо, баъди сайқали ҳунари хеш, боз ба деҳот бармегаштанд ва бо шогирдону пайвандон касби худро идома медоданд. Ҳамин тавр, дар деҳот бо дигар ҳунармандон рақобат пайдо мешуд. Дар байни ҳунармандон аз ҳама бештар бофандагӣ, дуредгарӣ, зардӯзӣ, қолинбофӣ, оҳангарӣ, намадбофӣ, чармгарӣ, тоқидӯзӣ, табақтарошӣ маъмул буд.
Аз ҷониби Президенти мамлакат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 – 2021 иқдомест, ки таърихи имрӯза ва ояндаи деҳотро муайян менамояд. Ин иқдом имконияти бузургро  оид ба рушди инфрасохтори асосӣ ва ба деҳот ҳар чи бештар ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ шароити муҳим фароҳам меоварад. Аз тарафи дигар, набояд фаромӯш кард, ки қариб 76 % аҳолии кишвар дар деҳот ҷойгир аст ва дар ин ҷо потенсиали бузурги захираҳои табиӣ низ маскан гирифтаанд. Аз ин хотир, дар шароити пурра муҳайё сохтани имконоти лозимӣ нақши он дар тавлиди неруи бузурги ақлонию зеҳнӣ зиёд хоҳад гардид.
Агар каме жарфтар ба дунёи деҳот ворид шавем, пас мо шоҳиди унсурҳои таърихӣ ва анъанаҳои умри ҷовидона мегардем. Яъне, дар деҳот бо осорхонаи зинда рӯ ба рӯ мешавем. Он чиз боиси таҳсин аст, ки дар ҳама маврид; хоҳ хурсандӣ ва хоҳ мотам, мардуми деҳот ҳамоно муттаҳид мегарданд ва ба ёрии якдигар мешитобанд. Чун як оила маъракаҳоро тавре мегузаронанд, ки ба соҳиби он зарари зиёди моддӣ нарасад.
Меҳмонони дуру наздик ва хешовандонро низ тавре қабул мекунанд, ки соҳиби маърака хурсанд бошад. Чизи дигаре, ки дар деҳот боиси таҳсин аст, гузарондани маъракаи «ҳашар» мебошад. Ин яке аз беҳтарин намуди анъанаҳои деҳот аст, ки онҳо дастаҷамъӣ дар як муддати кӯтоҳ хонаро аз пойдевор то шифти он ба охир мерасонанд.
Деҳот пойгоҳ ва маркази муҳими истироҳатию зебоӣ буда, ҳамеша мардуми шаҳр мешитобанд, то лаҳзае дар атрофи табиати сабзу хуррами он каме нафаси тоза гиранд. Бисёре аз сокинони шаҳр ба ин сарсабзию олами зебои табиат ва обҳои мусаффои он шукр нагуфта, ҳангоми истироҳат дар ин мавзеъҳо баъди худ чӣ қадар партов ва ифлосиҳоро боқӣ  гузошта, қисмате аз онҳоро ба об мепартоянд. Ҳатто намеандешанд, ки аз ин обҳо ҳазорон одамон дар поён истеъмол мекунанд.
Солҳои охир сафи туристони экологӣ  дар ҳама минтақаю кишварҳо хело зиёд шудааст. Ин гурӯҳ дар баробари баҳравар шудан аз табиати зебои деҳот боз мехоҳанд, ба тарзи зиндагии мардум ин ҷо, алалхусус зиндагии мардуми кӯҳистон аз наздик шинос шаванд. Ҳангоми тобистон дар дари хонаи бисёр сокинони Бадахшон велосипед ва мототсикли сайёҳонро мебинем. Онҳо якчанд рӯз ва ҳатто ҳафтаҳо бо аҳли оила якҷоя зиндагӣ карда, тамоми корубор, тарзи либос ва хӯрокпазиашонро мушоҳида мекунанд ва якҷоя хӯрок низ мехӯранд. Дар баробари ошноӣ пайдо намудан боз бисёр намуди либоси миллӣ, ҷӯроб ва баъзе асбобу анҷомҳои тайёркардаи соҳибони хонаҳоро мехаранд. Яъне, ин чизҳои харидаро ба аҳли оила туҳфа мебаранд ва боз завқу таваҷҷуҳи онҳоро ба деҳоти кӯҳистон бештар ҷалб менамоянд. Ҳамин тавр, дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ қарор доштани деҳоти мамлакат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бояд  ба инфрасохтори деҳот диққати ҷиддӣ дода шавад. Оид ба ин масъала Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ чунин дастур доданд: «Зарур аст, ки дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишину деҳаҳо якҷоя бо соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша бунёди боғу гулгаштҳо, маркази истироҳату фароғат, майдони толорҳои варзишӣ ва дигар корҳои ободонӣ дастаҷамъона идома дода шавад». Солҳои охир мо шоҳиди он шудем, ки баъди аз хориҷи кишвар ба қадри хеле зиёди ворид шудани молу асбобҳои ҳархела диққату таваҷҷуҳи мардум ба ҳунарҳои мардумӣ кам ва ин яке аз сабабҳои аз байн рафтани онҳо гардид. Ҳол он ки дар бисёр давлатҳои хориҷӣ ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Дар Ҳиндустон мо мушоҳида намудем, ки чӣ тавр хориҷиён аз дуконҳои шахсӣ ҳар гуна маҳсули ҳунарҳои мардумиро мехаранд. Ҳангоми суҳбат яке аз рафиқони ҳинду нақл намуд, ки хориҷиён ба ҳар гуна асбобу анҷом ва ҳунарҳои дастӣ завқи зиёд доранд ва аз ин ҳисоб мардуми маҳаллӣ, махсусан ҳунармандон ва косибон фоидаи зиёд ба даст меоранд. Дар як гӯшаи дигар вай ба мо дуконҳоеро нишон дод, ки аз сангҳои рангоранг ва қиматбаҳо садҳо намуди асбобу анҷом ва зару зеварҳои занонаро пешкаши харидорон менамуданд.
Барои нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои заруриро меандешанд. Масалан, дар Япония барномаи «Мероси зинда» амал мекунад. Дар ин ҷо ҳунармандон ва омӯзгорон шогирдони худро тайёр менамоянд. Омӯзгор - ҳунарманде, ки на камтар аз панҷ шогирд тайёр мекунад, давлат ҳатман тамоми маҳсулоташро харидорӣ намуда, онҳоро дар осорхона ва фонди туҳфаҳо нигоҳ дошта, ба дигар давлатҳо ба фурӯш мебарорад.
Ҳунармандони асилро аз назари моддӣ дастгирӣ менамоянд. Дар он шаҳр ва ноҳияе, ки ин ҳунарманд кор ва зиндагӣ мекунад,  ӯро аз супурдани андоз озод месозанд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба масъалаи индустрикунонии мамлакат диққати ҷиддӣ доданд. Ин, пеш аз ҳама, ба беҳтар намудани вазъи деҳот ва саноатикунонии он нигаронда шудааст. Агар дар деҳот корхонаҳои хурду миёнаи коркарди мева, пӯст, пашм, сехҳои бофандагӣ бунёд ва фаъол шаванд, он гоҳ на ин ки вазъи иқтисодию иҷтимоии деҳот, балки барои бо ҷои кор таъмин намудани ҳазорҳо ҷавонону духтарон шароит фароҳам меояд. Аз тарафи дигар, бояд беҳтарин ҳунармандону косибон дар деҳот бо ҳама шароит ва имтиёзҳои замонавӣ таъмин гарданд. Ба ивази ин, дар назди онҳо вазифа бояд гузошт, ки маҳсулоти истеҳсолкардаашон сифати баланд дошта ва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошанд.
Холназар МУҲАББАТОВ, доктори илмҳои география


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2019    №: 71    Мутолиа карданд: 616
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед