logo

иқтисод

ШАҲРИ ВАҲДАТ. КОРГОҲҲО ЧАРО РАҚОБАТНОПАЗИРАНД?

Моҳи октябри соли 2013 дар шаҳраки Андигони шаҳри Ваҳдат корхонаи хурди саноатии мебелсозӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз карда, дар он беш аз 70 нафар соҳиби кори доимӣ гардида буд, ки иқдоми ибратомӯзе дар рушди деҳот маҳсуб меёфт. Вале ҳамагӣ баъди чанд муддати фаъолият ин коргоҳ дари худро пурра баста, теъдоди аҳли заҳматашро то 4 нафар маҳдуд кард. Чаро?

Ҳанӯз дар оғози фаъолияти корхона гуфта мешуд, танҳо дар сехи дӯзандагӣ 50 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Онҳо дар ин ҷо ба дӯхти либосвории гуногун, аз ҷумла шиму костум барои мактаббачагону табибон, коргарони касбу кори гуногун, арӯсу домод ва ғайра машғул буда, ҳамчунин, ҳунари гулдӯзию зардӯзӣ меомӯзанд. Вале, аз 50 нафаре, ки дар коргоҳи дӯзандагӣ ба кори доимӣ таъмин шуда буд, имрӯз касе несту беш аз 20 дастгоҳи нави дӯзандагӣ ҳайрон хобидааст.
Нисо Ашӯрова, аз ҷумлаи бонувони маҳаллӣ аст, ки замони фаъол будани коргоҳ дар он кор мекард. Ӯ дар суҳбат гуфт, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба истифода додани ин коргоҳи дӯзандагӣ бонувони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд. Духтарон ба кор дилбастагии зиёд доштанд. Мо маҳсулот ҳам истеҳсол кардем, аммо ба фурӯш нарафт, то ба коргарон маош диҳанд. Ин сабаб шуд, ки ҳама тарки кор кунанд. Имрӯз ҳамаи он дӯзандаҳо дар хонаҳояшон кор мекунанд. Ман дар вақтҳои холӣ баъзан ин ҷо омада, куртаҳои худу наздиконамро медӯзам.
Шамсулло Зайдуллоев, муассиси корхонаи мазкур, дар суҳбат бо мо гуфт: «Баъди ба кор андохтани коргоҳи дӯзандагӣ мо бонувонеро, ки ба кор ҷалб намуда будем, аз ҳисоби худ чор моҳ аз 500 то 700 сомонӣ маош ва як вақт хӯрок низ додем. Барои истеҳсоли либосҳои духтарона ва писаронаи мактабӣ аз бозорҳои шаҳри Душанбе маҳсулотро қарз гирифтем. Барои ба фурӯш баровардан бо раёсати маорифи шаҳр ва бевосита бо муассисаҳои таълимӣ шартнома бастем, аммо маҳсулотро харидорӣ накарданд.
Ба гуфтаи  Шамсулло Зайдуллоев, ҳарчанд маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо сифати хуб дорад, харидори худро наёфт ва коргоҳ баъди на бештар аз як соли фаъолият аз кор монд. Тамоми маҳсулоти истеҳсолшуда то ҳол дар коргоҳ нигоҳдорӣ мешавад. Баъди ба савдо нарафтани мол ва қарздор шуд, корхонаро, ки бо номи ҶДММ «Сифат» шинохта мешуд, барҳам додем. Қарзҳои мавҷуда ва андози корхонаро аз дигар манбаъҳои даромад пардохт кардем.
- Имрӯз даромади корхона танҳо ба додани маоши 4 нафар коргар, ҳаққи андозу неруи барқ мерасаду халос. Танҳо коргоҳи мебелсозӣ ва оҳангарӣ фаъолият дорад, аммо он ҳам мисли пештара не, - гуфт муассиси корхона.
Дар ошёнаи якуми корхона коргоҳҳои мебелсозӣ ва оҳангарӣ ҷойгиранд. Соли 2013 ҳангоми нав кушодан дар ҳар яки он даҳнафарӣ ҷавон ба кору ҳунаромӯзӣ ҷалб гардида буд. Дар коргоҳи мебелсозӣ, асосан навъҳои гуногуни мебелҳое сохта мешаванд, ки арзиши гарон надошта, барои ҳамагон дастрасанд. Қаблан коргарон дар сехи оҳангарӣ 700 сомонӣ маош мегирифтанд. Онҳо дару дарвоза, панҷара, симтӯр, мех ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол мекунанд. Аммо, тавре мушоҳида кардем, имрӯз дар коргоҳи оҳангарӣ ба ҷойи 10 нафар ҳамагӣ 1 кас ва дар коргоҳи мебелсозӣ низ ба ҷои 10 нафар 2 нафар фаъолият доранд.
Ба гуфтаи Ислом Ҳайдарзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат, афзоиши шумораи коргоҳҳои дӯзандагӣ, коҳиши фармоиш ва хуб набудани сифати маҳсулоти баъзе коргоҳҳо сабаби рақобат карда натавонистанашон дар бозор мегардад. Дар натиҷа даромаде, ки коргоҳҳои дӯзандагӣ мегиранд, ба ҳаққи истифодаи неруи барқ, андоз ва маоши кормандонашон намерасад. Масалан, коргоҳҳои дӯзандагии ҶДММ «Ёқут - 2000» дар шаҳри Ваҳдат низ чандест пурра  аз кор мондаанд. Маҳсулотро истеҳсол карда, ба баъзе вазорату корхонаҳо насия доданд, аммо то ҳол маблағи худро гирифта наметавонанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, тибқи нақша то соли 2021 дар ҳудуди шаҳр бунёди 22 коргоҳи нави дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст. Пас саволи матраҳ ин аст, ки: ба чӣ хотир?
Аз таҳлилҳо метавон хулоса кард, ки бо вуҷуди пешрафти иқтисодии шаҳри Ваҳдат, бахусус дар чанд соли охир, бо сабабҳои гуногун аз кор мондану қисмати дигар рӯ ба муфлисшавӣ ниҳодани коргоҳҳои хурди саноатӣ аз мавзӯъҳои ҳалталаб боқӣ мемонад. Чунин аҳвол дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ ба чашм мерасад.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2018 дар ҷумҳурӣ 127 корхонаи саноатӣ фаъолият накардааст. Аз ин 51 адад ба вилояти Хатлон, 20 Суғд, 33 шаҳри Душанбе ва 17 адад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Сабаби асосии аз фаъолият боз мондани корхонаҳо, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ рақобат карда натавонистан дар бозор ва надоштани фармоиш гуфта мешавад.
Масъулонро зарур аст, ки қабл аз бунёди корхона бояд талаботи бозор ва аҳолиро омӯхта, сипас, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро ба роҳ монанд. Дуруст наомӯхтани талаботи бозор ва дар маҷмӯъ, надоштани донишу фаҳмиши фарогири соҳавӣ оқибат ба чунин ҳолат оварда мерасонад.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2019    №: 75    Мутолиа карданд: 524
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед