logo

иқтисод

КӮЛОБ. РУШДИ САНОАТ 26,9 ДАРСАДРО ТАШКИЛ ДОД

Корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 55,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол  намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 миллион сомонӣ зиёд аст.
Тавре аз шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, дар се моҳ рушди соҳаи саноат ба 26,9 дарсад баробар шуд.  Дар ин давра 20 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла  «Комбинати хонасозӣ», «Сомон Кӯлоб Таҷҳизот», «Суғдиён», «Комбинати орд», «Авранг», истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намуданд. «Ресандаи Кӯлоб» бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор шурӯъ намуд. Ҳоло дар корхона 80 сокини маҳаллӣ бо  ҷойи кори доимӣ таъмин аст. Корхона дар се моҳ ба маблағи 5,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.
Айни замон дар шаҳр 42 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба наздикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 309,2 гектар минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таъсис дода шуд. Дар минтақа силсилаи корхонаҳои саноатӣ ба фаъолият мепардозанд. Бо ба фаъолият оғоз намудани онҳо 3750 ҷойи кори доимӣ ва 3000 ҷойи кори мавсимӣ таъсис дода мешавад.
Ислом РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2019    №: 76    Мутолиа карданд: 584
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед