logo

иқтисод

ЁВОН. ЧАРО БУЗУРГТАРИН МАРКАЗИ БАРҚУ ГАРМИДИҲӢ 11 СОЛ БОЗ ФАЪОЛИЯТ НАМЕКУНАД?

Дар раванди татбиқи сиёсати энергетикии давлати худ мо - мардуми кишвар бояд як принсипи ҳаётан муҳимро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки бунёди неругоҳҳои барқӣ - обӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар имрӯз ба масъалаи ҳаёт ва мамоти давлати тоҷикон табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ин ҳадафи стратегиро дар солҳои наздиктарин бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҳатман таъмин намоем.
Эмомалӣ РАҲМОН


Ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ - обӣ ва ба ҳамин васила, зиёд намудани иқтидори энергетикии кишвар низ дар роҳи татбиқи ҳамин ҳадаф аст. Вале дар баъзе ҳолатҳо аз хунукназарии масъулон ин раванд то андозае аз мадди назар дур мондааст. Вазъи нобасомони маркази барқу гармидиҳии ноҳияи Ёвон далели ин гуфтаҳост.

Маркази барқу гармидиҳии ноҳия соли 1969 бунёд гардида, то соли 1990 ҳамасола бо истеҳсоли 370 миллион киловатт - соат неруи барқ ва 776 ҳазор гекакалория гармӣ корхонаи электрохимиявии ноҳия ва аҳолии шаҳракро бо гармӣ ва қувваи барқ таъмин мекард. Вале баъд аз соли 1990, бинобар мушкили дастрасии сӯзишворӣ, фаъолияташ қатъ гашт.
Бо мақсади ислоҳи вазъи баамаломада соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази барқу гармидиҳии ноҳия ба тавозуни “Ширкати алюминийи тоҷик” гузаронда шуд. Таҷҳизоти асосиву ёрирасони он қисман таъмиру таҷдид гардид. Корҳои барқарорсозӣ ва то ҳадди 120 мегаватт афзун намудани иқтидори барқистеҳсолкунии он ба зиммаи ширкат вогузор шуда буд.
Моҳи майи соли 2008 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари хеш ба ноҳияи Ёвон ба фаъолияти марказ ифтитоҳи расмӣ бахшида, ба шахсони масъул дастур доданд, ки ду агрегати омодагаштаро барои санҷиш бо иқтидори пуррааш ба кор дароранд. Аз якуми октябри ҳамон сол бояд ин марказ бо иқтидори 120 мегаватт ба таври доимӣ ба кор медаромаду заводу корхонаҳои ноҳия, аз ҷумла ҷамъиятҳои саҳомии “Тоҷикхимпром”, “Ғаюр”, заводи намак, корхонаи ресандагӣ, “Ширкати алюминийи тоҷик” ва аҳолии шаҳраки Ёвонро, бо барқу гармӣ ва буғ таъмин менамуд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат ба роҳбарияти “Ширкати алюминийи тоҷик” дастур дода буданд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ду агрегати дигари онро низ бо истифода аз ангишт ба кор омода созанд. Дар ин сурат иқтидори барқистеҳсолкунии он бояд ба 300 мегаватт расонда мешуд.
Роҳбарияти МБГ низ ваъда дода буданд, ки то давраи зимистон корҳои боқимондаи таъмириро ба итмом расонда, хатҳои оби гармро то маркази ноҳия пурра таъмиру азнавсозӣ мекунанд ва дар муҳлати муқарраршуда иқтидори барқии онро ба 320 мегаватт мерасонанд. Аммо... Марказ аз фаъолият бозмонд ва қисми зиёди кормандони худро, ки 340 нафарро ташкил медод, ихтисор намуд.
Сармуҳандиси корхона Бахтиёр Илёсов зимни суҳбат бо мо сабаби дар чунин ҳол қарор доштани марказро ба набудани сӯзишворӣ рабт дода, гуфт:
- Маркази барқу гармидиҳии ноҳияи Ёвон соли 2009 ба тавозуни ШСХК “Барқи тоҷик” гузаронда шуд. Аз сабабе, ки сӯзишворӣ таъмин нашуд, корхона аз фаъолият монд.
Дар чунин ҳолат қарор доштани марказро Нозирҷон Ёдгорӣ, котиби матбуотии ШСХК “Барқи тоҷик”, дар он медонад, ки марказ аз фурӯши барқ натавонист фаъолияти минбаъдаашро ба роҳ монад. Барқарорсозӣ  ва  ба  кор  даровардани  МБГ Ёвон  бошад, хароҷоти   зиёди  молиявиро  тақозо намуда,  аз  лиҳози  иқтисодӣ  ғайрисамаранок  мебошад.
- Таҷҳизоти  асосии  МБГ  Ёвон  бояд  аз  таъмири  мукаммал  бароварда  шаванд,  вале  қисмҳои  эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ (газ, мазути  аловӣ) нархи  гарон доранд. Зимистони  соли 2008 арзиши  аслии  1 кВт – соати барқ 2,86 сомониро  ташкил  дода буд, - гуфт Н. Ёдгорӣ.
Воқеан, корҳои таъмирӣ дар самти барқарорсозии лӯлаҳои обгузаре, ки 13 километр  тӯл  кашида, бояд оби гармро то маркази ноҳия мебурданду ба аҳолӣ тақсим мекарданд, аз соли 2008 мавқуф монданду то ҳол қитъаҳои зиёд белӯлаанд.  Коргоҳи тақсимкунандаи оби гарм, ки панҷ километр дуртар аз марказ воқеъ аст, таъмир нашуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва роҳбарони “Барқи тоҷик”- ро мебояд, ки дар масъалаи таъмири лӯлаҳои обгузару барқарор намудани лӯлаҳои оби гарми биноҳои баландошёна тадбирҳои муассир биандешанд, то аз ин ҳисоб аҳолии шаҳраки Ёвону муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусиро дар зимистон бо барқу гармӣ бевосита таъмин созанд.
Қурбон АҲМАДЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.05.2019    №: 83    Мутолиа карданд: 540
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед