logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 17 майи соли 2004  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с. 2004, №5, мод. 339; с. 2006,  №11,  мод.  472; с. 2009, №12,  мод. 814; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 800; с. 2013, №3, мод. 179,  №7, мод. 500; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 268) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
2. Ба қисми дуюми моддаи 7 баъд аз рақами «18» калимаҳои «қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 8:
- ба сархати нуҳум баъд аз калимаҳои «дар бораи» калимаҳои «аз мансаб» илова карда шаванд;
- сархати дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқ комиссияҳои доимӣ, муваққатӣ ва мақомоти дигари Маҷлиси вакилони халқро таъсис медиҳад, низомномаи онҳоро тасдиқ мекунад, ҳайати комиссияҳоро интихоб менамояд ва ҳисоботро оид ба фаъолияти онҳо мешунавад;»;
- сархати нуздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳр, маркази маъмурии ноҳия ва маҳалҳои аҳолинишинро баррасӣ менамояд, ки он мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, Нақшаи минтақавии тарҳрезии шаҳр, ноҳия ва Нақшаи умумии сохтмони маркази шаҳр, ноҳия, инчунин нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳалро тасдиқ менамояд;»;
- сархатҳои бистум ва бисту якум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- шартномаҳо оид ба ваколатҳои вогузоршаванда (шартномаи маъмурӣ) ва муштарак, созишномаҳо доир ба муқаррар намудани муносибатҳо ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шаҳрҳои давлатҳои хориҷиро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҷонибдорӣ менамояд;
- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ нашрияи расмӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, инчунин сомонаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро таъсис дода, тартиб, номгӯйи маълумот ва масъалаҳое, ки мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомона ҷойгир карда мешаванд, муайян менамояд;».
4. Қисми чоруми моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, ки дар доираи ваколатҳояш қабул шудаанд, дар ҳудуди дахлдор барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, новобаста ба тобеияти идоравӣ, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ,  шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошанд.».
5. Дар моддаи 15:
- сархати дуюми қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ;»;
- дар сархати нуҳуми қисми дуюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз ва сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.»;
- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр  ва ноҳия» муайян менамояд.».
6. Дар қисми 3 моддаи 19 калимаҳои «санадҳои меъёрӣ» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 20:
- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳр, маркази маъмурии ноҳия ва маҳалҳои аҳолинишин, Нақшаи минтақавии тарҳрезии шаҳр, ноҳия ва Нақшаи умумии сохтмони маркази шаҳр, ноҳия, инчунин нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳалро ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд;»;
- дар сархати сездаҳум калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- сархати бисту сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дар доираи ваколатҳои худ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан баҳисобгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди дахлдор ва бақайдгирии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро таъмин менамояд;»;
- ба сархати бисту нуҳум баъд аз калимаҳои «таклифҳои онҳоро» калимаҳои «, инчунин муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
8. Сархати дуюми қисми якуми моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ;».
9. Ба қисми якуми моддаи 23 баъд аз калимаҳои «ташкилию ҳуқуқӣ» калимаи «, молиявӣ» илова карда шавад.
10. Ба моддаи 26 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Маҷлисҳои вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ ҳуқуқ надоранд молу мулке, ки моликияти коммуналӣ мебошанд, ба моликияти шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ ройгон диҳанд, агар тартиби дигарро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накарда бошад.».
11. Дар сархати ҳафтуми қисми сеюми моддаи 31 калимаи «амволе» ба калимаҳои «молу мулке» иваз карда шавад.
12. Ба қисми якуми моддаи 32 сархати сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- барои иҷро намудани вазифаҳои дигар, аз ҷумла вазифаҳои умумидавлатие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;».
13. Ба матни моддаи 35 баъд аз калимаҳои «Мақомоти давлатӣ,» калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд.
14. Моддаи 371 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 371. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 июли соли 2019, № 1641


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 июни соли 2019, № 1380


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 июли соли 2019, № 702


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2019    №: 141    Мутолиа карданд: 726
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед