logo

туризм

КАМБУДИҲО РАФЪ МЕГАРДАНД

Посух ба матлаби «Сайёҳӣ, чаро натиҷаҳо назар ба имкониятҳо каманд?», ки 30 апрели соли 2019, № 82, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст.
Муаллиф дар матлаб бо ёдоварӣ аз дастовардҳои сайёҳӣ аз камбудию монеаҳо низ мегӯяд ва далелҳои қавӣ дорад. Ба гуфтаи муаллиф, яке аз монеаҳои асосӣ барои ҷалби сайёҳон гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо мебошад. Масалан, барои як сайёҳи амстердамӣ танҳо ҷиҳати омадурафт 1700 доллар лозим меояд, ки бо ин маблағ дар Маямии овозадор хеле хуб истироҳат кардан имконпазир аст. 
Дар ҳақиқат, гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо ва зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ яке аз масъалаҳои муҳими рушди сайёҳӣ ба шумор меравад. Мо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ талош мекунем, ки ҳамкориҳоро бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ густариш диҳем, то роҳи ҳалли масъалаи мазкур муайяну мушаххас шавад.
Айни замон, бо мақсади боз ҳам ҷолиб намудани хатсайрҳои сайёҳӣ ва паст кардани арзиши бастаҳои сайёҳӣ ҳамкориҳои самараноки байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон, роҳандозӣ гардида, хатсайрҳои минтақавӣ амалӣ шуда истодаанд ва қисме аз сайёҳон тавассути ин кишварҳо ба Тоҷикистон сафар мекунанд ва аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя мераванд.
Дар баробари ин, натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз гарон будани арзиши чиптаҳои ҳавопаймо шумораи сайёҳон ба таври назаррас рӯ ба афзоиш аст. Табиист, ки масоили бунёди инфрасохтор ва қабулу пазироии сайёҳон бо шароити мусоид ба зинаи аввал мебароянд.
Ҳоло аз ҷониби кумита барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳавӣ корҳои муайян амалӣ мешаванд. Имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт ба таври васеъ ба соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ муаррифӣ гардида, 11 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаву осоишгоҳҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, маҷмааҳои сайёҳӣ, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат аз имтиёзҳо бархӯрдор гаштанд.
Бо мақсади баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ, кашфи бозорҳои нав ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ як қатор лоиҳаҳои созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо кишварҳои хориҷӣ таҳия гардида, созишномаҳои ҳамкорӣ бо Шоҳигарии Урдун, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ба имзо расонда шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи грантӣ «Оид ба рушди иқтисодиёти деҳот» бо фарогирии рушди соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохтори он омода гардида, дар ҷараёни татбиқи он як қатор иншооти сайёҳиву таърихӣ дар сатҳи байналмилалӣ таъмиру таҷдид карда мешаванд.
Тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳо барои ҷалби сармояи грантии Бонки осиёии рушд оғоз гардида, инчунин, дигар шарикони рушд барои дастгирӣ ва маблағгузории соҳаи сайёҳӣ ҷалб шуда истодаанд.
Дар баробари ин, як қатор мушкилоти соҳа дар ҳақиқат ҳанӯз мавҷуданд ва кумита барои бартараф намудани онҳо дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Н. АБДУҒАФФОРЗОДА, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2019    №: 181    Мутолиа карданд: 4483
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед