logo

барқияҳо

БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис!
Бо таманниёти беҳтарин аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, ҳамчунин, шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чинро ба муносибати ҷашни санаи дорои аҳамияти таърихӣ - 70 - умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин сидқан табрику муборакбод менамоям.
Тайи ин давра Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахшҳои мухталифи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ба пешравиҳои азим ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб шуд.
Ҳамаи ин дастовардҳои бошукӯҳ, албатта, натиҷаи заҳмату меҳнати хастанопазири тамоми мардуми Чин ва роҳбарияти сиёсии он мебошад.
Мо аз ин комёбиҳои ҳамсояи бузург, нек ва боэътимоди худ изҳори хушнудӣ менамоем ва бар онем, ки онҳо заминаи мустаҳкамро барои рушди босуръати минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатии ду кишвар дар ҳама арсаҳо фароҳам меоранд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди таҳкиму тавсеаи анъанаҳои дӯстии қавӣ ва муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Итминон дорам, ки татбиқи пайгиронаи натиҷаҳои музокироту мулоқоти  сатҳи олӣ, ки дар рафти сафари давлатии Шумо ба Тоҷикистон сурат гирифтанд, ба ин раванди самарабахш такони нав бахшида, муносибатҳои ду кишварро мутобиқ ба манфиатҳои аслии  ҳар ду ҷониб ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳанд расонд. 
Ҷашни пуршарафи 70 - солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо камоли самимият муборакбод гуфта, ба Шумо, дӯсти гиромӣ, сиҳатмандии комилу дар фаъолияти давлатиатон  комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Чин сулҳу амонии пойдор ва пешрафти бардавом орзу менамоям».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2019    №: 187    Мутолиа карданд: 5587
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед