logo

туризм

ИШКОШИМИ ПУРАСРОР

Дар ҳафт ҷамоату чилу ҳашт деҳаи Ишкошим зиёда аз сиву чор ҳазор сокин зиндагӣ мекунад. Касбу кори асосии мардум деҳқониву чорводорӣ мебошад. Инчунин, ҳунармандиву косибӣ, дуредгариву чӯбтарошию наққошӣ, ресандагиву дӯзандагӣ, ҷуроббофию муҳракашӣ, чакманбофию сангтароширо идома дода, анъанаҳои неки гузаштагони худро пос медоранд.
Овозаи дасти пурэъҷози ҳунармандони ишкошимӣ дар хориҷи кишвар ҳам паҳн гашта, ба маҳсули дасти онҳо амрикоиҳову англисҳо, олмониҳою чиниҳо мароқи бештар зоҳир менамоянд.
103 ёдгории таърихию фарҳангӣ сарвати бебаҳои маънавии мардуми ноҳия ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, қалъаҳои Абрешим, Ямчун, Қаҳ – қаҳа, Кофарқалъа ва Чилтан таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ мекашад. Ҳамчунин, ёдгориҳои таърихии деҳаи Ширгин, ба мисли Санги аждаҳо ва оромгоҳҳои Хоҷақамбару Шоҳбурон бо таърихи пурасрорашон барои ҷалби сайёҳон мусоидат менамоянд.
Ишкошим табиати афсункор дорад. Обу ҳавои форам, махсусан чашмаҳои шифобахши он, писанди меҳмонони дохилию хориҷист. Чашмаҳои шифобахши деҳоти Гармчашма, Сист, Авҷ, Удит, Даршай, Вранг, Ширгин, Зонг дармонбахши ҳазорҳо дард ва макони истироҳату фароғатанд.
Ин мавзеъ бо ганҷҳои зеризаминӣ: лаъл, ангишт, тиллою нуқра, лоҷуварду симобу уран ва ғайраҳо низ машҳур аст. Аммо то ҳол ин сарватҳо мавриди таҳқиқу пажӯҳиши ҳамаҷониба қарор нагирифтаанд.
Хусусияти шифобахшии гиёҳҳояшро табиби маъруфи кишвар Ширинбек Давлатмамадов ба таври возеҳу равшан шарҳ додааст, ки аз рӯи он дар осоишгоҳҳои Бибӣ Фотимаи Заҳрою Гармчашма ва Авҷ маризонро табобат мекунанд.

Алифшо ШОАЛИФЗОДА, собиқадори маорифи халқи ноҳияи Ишкошим


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2019    №: 197    Мутолиа карданд: 3605
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед