logo

фарҳанг

ФУТБОЛ. МУХЛИС БОЯД СОДИҚ БОШАД!

Бо итминон метавон гуфт, ки бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Ҷопон, ки бар суди рақибонамон анҷом ёфт, ба футболбозони мо таҷрибаву малакаи дигар бахшид. Бо дастаи овозадоре чун Ҷопон, ки борҳо дар чемпионатҳои ҷаҳон ва дигар мусобиқоти сатҳи баланд ширкат варзидаасту аз бозигарони пурқувват таркиб ёфтааст, ҳамватанони мо хотирмон бозиданд. Чанд бор ба рахна кардани дарвозаи рақиб кӯшида, дилҳои қариб 20 ҳазор тамошобини варзишгоҳи марказӣ ва миллионҳо мухлисони паси оинаи нилгунро ба ларзаву тапиш оварданд.

Аммо ҳадаф аз ин навишта дигар аст. Мутаассифона, маданияти баъзе мухлисони мо ҳанӯз ҳам дар сатҳи паст қарор дорад. Дуруст, футбол бозиест, ки бидуни шӯру шааф, ҳуштоккашиву доду ғирев, сурудхониву кафкӯбиҳо намегузарад, аммо чунин фазои озодонаро набояд бо бадахлоқиву дашном гуфтан ва озор додани ҳамдигар тира сохт. Бавижа, вақте рақибон голҳои дувуму сеюмро ба дарвозаи дастаи мо заданд, баъзе мухлисон бо гуфтани суханҳои ношоиста майдонро тарк карда, бад-ин восита норозигии худро аз ҷараёни бозӣ изҳор медоштанд. Аммо, набояд фаромӯш кард, ки дастаи миллии мо аз номи кишварамон ҳунарнамоӣ мекунад. Яъне, муносибатамон ба дастаи футболамон, муносибат ба Меҳан аст!
Таъкид бояд кард, ки варзиш, бо вуҷуди дар назари баъзеҳо бозие беш набудан, ҳамзамон, як навъи санъати зебост. Ва мисли рақсу суруд ё меъморию кандакорӣ варзиш низ қонуну қоида, мухлису тамошобин, мутахассису коршинос, инчунин, дорои дигар ҷузъиёти муҳим мебошад ва ин ҳама ба зебоии он меафзояд.
Шумо боре рафтори мухлисони садоқатманди ҷопонҳоро ба ёд оред. Бахусус, дар Чемпионати ҷаҳон – 2018, ки дар майдонҳои сабзи Россия мегузашт, онҳо намунаи ибрат буданд. Дар яке аз бозиҳо мунтахаби Ҷопон заҳри мағлубият чашид, аммо мухлисонашон бо таҳаммул то вопасин сонияҳо дастаи миллии худро дастгирӣ карданд. Ҳатто, партовҳои гирду атрофи хешро чида, аз майдон оромона берун баромаданд. Ҳамчунин, тими миллиашон дар финали 17-умин мусобиқаи Ҷоми Осиё аз мунтахаби Қатар мағлуб шуда бошад ҳам, хонаи либосивазкунии майдонро ба навбат тоза карданд, фаршашро шуста, дар тахтаҳои омӯзишӣ ба се забон (арабӣ, англисӣ ва ҷопонӣ) «Қатар, пирӯзӣ хуҷаста бод!» навишта рафтанд.
Ин аст аслу ҷавҳари мухлисӣ. Футбол ва дигар намуди варзиш бояд байни мардум иттиҳод ва ҳамбастагиро таҳким бахшад. Иштирокдоронро ба ҷавонмардиву озодагӣ ва адолат даъват намояд.
Ба ин хотир, аз мухлисони азизи футболи тоҷик даъват ба амал меоварем, ки то охирин лаҳзаҳо дар бари бозигарони хеш бошанд. Бо мавҷи садо, наво ва кафкӯбиҳо дастаи худро рӯҳу тавон бубахшанд.
Қатъи назар аз ин, бо ифтихор бояд гуфт, ки буданд ҳазорҳо бародарону хоҳарони содиқ, ки ҳар дам нидо сар медоданд: «Ҳеҷ гап нест! Ҳамааш дар пеш аст! Ноумед нашавед, шербачаҳо! Шумо беҳтарин будед!». Аз шунидани ин хитобаҳо боз ҳам фараҳманд шудам ва ба ояндаи рӯшани футболи тоҷик эътимод дорам.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, ноҳияи  Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2019    №: 200    Мутолиа карданд: 953
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед