logo

фарҳанг

АВРУОСИЁ. РАВОБИТИ ФАРҲАНГӢ АЗ АСРИ XVIII САРЧАШМА МЕГИРАД

Дар доираи баргузории  Фестивали байналмилалии «Шарқ - Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии  АвруОсиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», 27 октябри соли равон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштирокдорони ин чорабинӣ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дидор ва гуфтугӯи судманд баргузор намуд.
Ректори донишкада профессор Усмонзода Хайриддин Усмон ба вохӯрӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки фестивал дар ҳаёти фарҳангии кишвар дорои аҳамияти вижа мебошад. Он, бешубҳа, ба фаъолгардии равандҳои наздикшавии фарҳанг ва санъати кишварҳои аъзои ИДМ мусоидат хоҳад кард.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги кишвар, иқдоми пешгирифтаи раёсати донишкадаро дар хусуси баргузор кардани фестивали байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро ба сарзамини офтобию зебоманзари Тоҷикистон ва шаҳри дилорои Душанбе хайрамақдам гуфт. Зикр кард, ки фарҳангҳо халқу миллатҳоро ба ҳам наздиктар месозанд. Фарҳанги кишварҳои мо, бахусус, Осиёи Марказӣ ва Россия оғоз аз асри XVIII ба ҳам пайванданд. Мо дар ин муддат аз фарҳангҳои якдигар омӯхта, аз ҷиҳати маънавӣ ғанӣ гардидем ва то кунун ин раванд идома ва инкишоф меёбад.
Вазири фарҳанг таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ ҷалб сохта, тазаккур дод, ки миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз дорад. Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистони соҳибистиқлолро тавассути сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд. Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмини иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Вазири фарҳанги кишвар вохӯриро бо шоҳбайти қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ анҷом бахшид:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Додоҷон РӮЗИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2019    №: 203    Мутолиа карданд: 556
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед