logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛАЙ ПАТРУШЕВ

30 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид доштанд, ки таъмини амнияту суботи умумии мо яке аз бахшҳои калидии ҳамгироии Тоҷикистону Россия мебошад ва дар ин ҷода ҳамкории мо ба таври матлуб рушд карда истодааст.
Изҳори бовар карда шуд, ки танҳо бо талошҳои муштарак мо метавонем дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва дигар таҳдидҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
Таъкид гардид, ки барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амниятии минтақавӣ, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон бояд тадбирҳои дастаҷамъона андешида шаванд. Дар ин самт ҳамкорию ҳамгироии шӯроҳои амниятии ҳар ду кишвар зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории низомӣ ва ҳарбӣ - техникӣ ва таҳкими робитаҳои байни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2019    №: 2015    Мутолиа карданд: 6179
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед