logo

иқтисод

САНОАТИ САБУК. ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОЯД БУД!

Аз қабули Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 муддати зиёд нагузашта бошад ҳам, аллакай дар ин соҳа натиҷаҳои назаррас ба бор омадаанд. Ҳамин аст, ки тайи нуҳ моҳи соли равон ҳиссаи саноати сабук дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар 7,1 дарсадро ташкил дод. Корхонаҳои соҳа дар ин давра беш аз 950 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 140,4 миллион сомонӣ ё 17,3 дарсад зиёд аст.
Роҳандозии барномаи давлатӣ дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръат иқдоми саривақтист. Ин тарҳи навэҷод аз 29 марти соли 2019 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда,  ба таъмини коркарди пурраи ашёи хом, махсусан нахи пахта, пӯст, пашм,  истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда, равона гардидааст.  Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳа 16114 тонна риштаи пахтагин истеҳсол шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1709 тонна зиёд мебошад.
Дар коргоҳҳои бофандагӣ 7852 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардида, коркарди пӯсти чорво қариб ба 44 ҳазор  дона расид. Давоми моҳҳои январ – сентябр либоси мактабӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 116645 дона зиёд (974183 дона) истеҳсол карда шуд. Аз ҷониби корхонаҳои ҷуроббофии кишвар тавлиди ҷуробҳои гуногун 12 ҳазор ҷуфт афзуда, ба 3956 ҳазор ҷуфт баробар гардид. Истеҳсоли қолинҳо дар ин давра ба 3091 ҳазор метри мураббаъ расид.
Дар доираи барномаи давлатӣ дар соҳаи саноати сабук як қатор корхонаҳои пуриқтидор бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтанд.
Аз ҷумла, моҳи май дар ноҳияи Данғара  корхонаи «Файзи Карим» дар самти истеҳсоли ҷуроб бо таҷҳизоти муосир ба фаъолият пардохт, ки дар он зиёда аз 50 ҷойи кор муҳайё гардид. Давоми моҳҳои январ - сентябри соли равон аз ҷониби корхонаи мазкур 6 ҳазор ҷуфт ҷуробҳои гуногун ва 18 ҳазор ҷуфт либоси таҳпӯш истеҳсол шуд.
Корхонаи «Органик Ян», воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар масоҳати 2 гектар бунёд ёфта, 100 ҷойи кориро дар бар мегирад. Корхона охири моҳи август ба фаъолият оғоз намуд, ки ҳаҷми умумии сармояи он 70 миллион сомониро ташкил дод. Иқтидори корхона коркарди 5000 тонна нахи пахта дар як сол буда, риштаи пахтагинро аз  Ne16 то Ne 42 истеҳсол менамояд.
Ҳамчунин, 17 сентябр Сарвари давлат дар ноҳияи Шоҳмансур барои бунёди корхонаи қолинбофии «Қолинҳои Душанбе» санги асос гузоштанд. Иқтидори корхонаи мазкур дар як сол истеҳсоли 1,5 миллион метри мураббаъ қолин буда, дастгоҳҳо аз ширкати «Ван - де Вил» - и Белгия ворид хоҳад шуд.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2019    №: 210    Мутолиа карданд: 1237
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед