logo

фарҳанг

"РАВЗАНАИ ЯГОНА" ВА РУШДИ ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВӢ

Дар шаҳри Душанбе аз соли 2020 даври пилотии низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» оғоз меёбад. Дар робита ба ин, роҳбарияти мақомоти гумрук, вазорату  идораҳои марбута, соҳибкорон  ва шарикони  рушд   ҷамъ омада, мубодилаи афкор намуданд.
Низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» гузаришро аз шакли коғазӣ  ба шакли электронии мубодилаи ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд.
Сардори  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода зимни тавзеҳи ҳадаф, вазифа ва асосҳои  фаъолияти низоми мазкур гуфт, ки «Равзанаи ягона» дар доираи  лоиҳаи «Ҳамкории  минтақавии  иқтисодии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳои наздисарҳадӣ»  аз ҷониби ширкати  барномасози «АйЮНетворкс» - и Арманистон омода гардида,  тибқи он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ тариқи электронӣ пешниҳод мегарданд.
«Равзанаи ягона» ба ширкаткунандагони  фаъолияти   иқтисоди хориҷӣ имкон медиҳад, ки  ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро, ки барои иҷрои  талаботи танзимкунанда ҷиҳати пешбурди фаъолияти содиротию воридотӣ ва транзитӣ талаб карда мешаванд, дар як нукта дар шакли ягона  тавассути низоми  иттилоотӣ - коммуникатсионӣ пешниҳод намояд. Дар асоси  маълумоти гирифташуда, мақомоти  давлатӣ барои  додан ё рад намудани ҳуҷҷати  иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо қарор  мебароранд.
Ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона» имкон медиҳад, ки муҳлати баррасӣ, мувофиқакунонӣ ва додани ҳуҷҷатҳо, инчунин, теъдоди ҳуҷҷатҳои дархостшаванда аз ҷониби  мақомоти давлатӣ  кам карда шавад. Инчунин, ҳуҷҷатҳо аз як идора ба идораи дигар   дар зарфи якчанд дақиқа  интиқол дода шаванд. Ҳамзамон, вақт  ва хароҷот сарфа гардида, арзиши амалиёт барои хизматрасониҳо коҳиш меёбад.
Таъкид гардид, ки   шарти ҳатмии татбиқи  низоми «Равзанаи ягона» ташкили маркази дастгирии техникӣ ва истифодаи он  буда,  ба гунаи чунин хадамот  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» - и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайян гардидааст. Раванди ҷорӣ намудани  ин низом дар ҳамкорӣ бо Агентии «Тоҷикстандарт»,  Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ,  Хадамоти алоқа,  Хадамоти назорати  давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати  молияи ҷумҳурӣ  ва дигар  сохторҳои танзимкунандаи  ғайритарифии савдои беруна сурат мегирад. Барои  хизматрасонӣ  ба иштирокдорони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба низоми «Равзанаи ягона» тавассути интернет дастрасӣ ё малакаи истифодаи онро надоранд, дар минтақаҳо бахшҳои КВД «Маркази Равзанаи ягона» таъсис дода шудаанд.
Дар маросими муаррифӣ ва ҷорӣ намудани даври пилотии низоми «Равзанаи ягона» намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири  рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода,  соҳибкорон  ва намояндагони ширкати барномасози «АйЮНетворкс» - и Арманистон доир ба бартариятҳои низоми мазкур сухан карданд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2019    №: 212    Мутолиа карданд: 695
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед