logo

туризм

ТОҶИКИСТОН. СОҲАИ САЙЁҲӢ ОЯНДАИ НЕК ДОРАД

Сол ба сол сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёти олам мубаддал мегардад. Бино ба маълумоти оморӣ, алҳол саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон наздики 10 дарсадро ташкил медиҳад. Дар як қатор мамлакатҳо, ба монанди Испания, Фаронса, Туркия, Австрия, Швейтсария, даромад аз сайёҳӣ  яке аз сарчашмаҳои асосии ғанигардонии буҷет ба ҳисоб меравад ва табиист, ки онҳо баҳри рушди туризм аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд.

Тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон низ, ки бо табиати афсонавии худ шуҳраи олам аст, Ҳукумати кишвар ҷиҳати ривоҷу равнақи ин соҳа тадбирҳои мушаххас меандешад. Аз ҷумла, дар ин давра «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004 – 2009», «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2014», «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018 – 2020», «Консепсияи миллии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019», «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул шуда, минтақаҳои Балҷувон, Ромит, Варзоб ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон мавзеъҳои туристӣ эълон гардиданд. Дар иртибот ба барномаҳои қабулшуда, соли 2017 дар кишвар Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис ёфт. Дар баробари ин, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд.
Инчунин, барои дар сатҳи зарурӣ рушд додани соҳа, соли 2018 аз тарафи Ҳукумати мамлакат як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, воридоти таҳҷизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои иншооти сайёҳӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида аз даромад  озод гаштанд. Аз 1 январи соли 2018 бошад, фурӯши маҳсулоти мардумӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд.
Ин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат самараи нек ба бор оварданд ва сол ба сол ташрифи сайёҳонӣ хориҷӣ  ба кишвар меафзояд. Тибқи маълумоти оморӣ, агар соли 2016 аз Тоҷикистон сайёҳони 109 давлати ҷаҳон дидан намуда бошанд, ин рақам соли 2018 ба 146 расида, шумораи онҳо беш аз як миллион нафарро ташкил дод.
Бо итминон метавон гуфт, ки ояндаи соҳаи сайёҳии Ватани маҳбубамон нек аст ва мувофиқи пешгӯии  коршиносон солҳои наздик  Тоҷикистон, бо иқтидори туристии худ, имкон дорад ба яке аз кишварҳои пешрафтаи сайёҳӣ табдил ёбад. Ин дар навбати худ барои рушду нумӯи дигар соҳаҳо ва, ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад намуд.

Ҳасан АСОЕВ, коршиноси масоили экологӣ, корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2019    №: 210    Мутолиа карданд: 4399
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед