logo

иқтисод

РОҲ БА ДОМАНИ ГАРДУН

Роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб, ки аз муҳимтарин дастоварди даврони истиқлолият мебошад, барҳақ муъҷизаи аср ном гирифтааст. Зеро он аз нигоҳи мураккабии сохтмон дар баландкӯҳ назир надорад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он ки шоҳроҳи Помир Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо кишварҳои Шарқ мепайвандад, роҳсозони тоҷикро ба ин кори ҳаётан муҳим ҳидоят карданду асри ХХI - ро асри Бадахшон, асри кашфи ин сарзамини осмонбӯс ва пурасрор эълом доштанд.

ОРЗУИ ДЕРИНА ҶОМАИ АМАЛ ПӮШИД
Солиёни зиёд мардум дар орзуи роҳи мошингард ба Помир буданд, ки чор фасли сол, сарфи назар аз вазъи боду ҳаво, кушода бошад. Ва роҳи нави Кӯлоб – Қалъаи Хумб онҳоро ба ин орзуи дерина мерасонад. Он мушкили рафтуомади аҳли Кӯлобу Дарвозро осон месозад. Ба онҳо кунун роҳи Ёхсу, ки Талбару ағбаи Полезакро бурида, ба Тавилдара, ба соҳили дарёи Хингоб мерасаду ду қисм шуда, яке ҷониби Вахё, то Сангвору мақбараи ҳазрати Бурхи Валӣ, дигаре фарозу нишеби ағбаи Хобуроботро гузашта, ҷониби Бадахшон меравад, хидмат мекунад. Роҳи дигари нообод, ки аз дашти Теҳрай (имрӯза Шамсиддин Шоҳин) ибтидо гирифта, ба Тагноб, соҳили Панҷи ноором мерасид ва дар Қалъаи Хумб ба шоҳроҳи Бадахшон мепайваст, алъон чун кафи даст ҳамвор асту бо он корвони мошинҳо равон.
Бунёди роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб имрӯз роҳкушоест барои мардуми дохил ва хориҷи кишвар ба сӯйи Хоруғ – Мурғоб – Кулма, ки Тоҷикистонро тавассути ағбаи Қизиларт ва Кулма бо Қирғизистон ва Чин мепайвандад. Тибқи нақша дар ин шоҳроҳ бунёди 93 километр роҳ, 15 пул, 2 нақб ва 5 долони зидди тарма дар назар аст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, барои сохтмони роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ - сарҳади Рӯшон аз тарафи давлати Чин 226 миллион доллари ИМА пешбинӣ шудааст ва он аввали соли 2020 оғоз мегардад.

44 ЛОИҲАИ ХУРДУ БУЗУРГИ РОҲСОЗӢ
То ин замон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳи автомобилгарди қитъаи Шикев – Зиғар ба масофаи 38 километр бо маблағи 31,750 миллион, Шоҳон– Зиғар ба масофаи 22,7 километр ба маблағи 50,355 миллион, Шамсиддин Шоҳин – Шоҳон ба масофаи 40 километр ба маблағи 92,7 миллион доллар навсозӣ ва мумфарш гардонда шуд.
Барои таъмиру навсозӣ ва нигоҳдории роҳҳои вилоят дар зарфи 28 соли истиқлолият аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ, беш аз 180 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Татбиқи лоиҳаҳо вазъи инфрасохтори соҳаро беҳбудӣ бахшиданд, аз ҷумла 44 лоиҳаи хурду бузург ба маблағи умумии беш аз 1,4 миллиард доллари ИМА дар доираи ҳамкорӣ бо Хазинаи Оғохон, Ҳукумати Ҷопон, Чин, Амрико, Фаронса, Эрон, Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди араб, фонди Абу-Дабӣ оид ба рушд, фонди саудии рушд, фонди ОПЕК ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор татбиқ карда мешаванд.

ШОҲРОҲ ВА СЕ ҲАДАФИ СОЗАНДА
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иброз дошт, ки бунёди роҳи номбурдаи байналмилалӣ ба рушди иқтисодию иҷтимоии ин минтақа дар се самти асосӣ мусоидат хоҳад кард.
Аввалан, он имкон медиҳад, ки бо истифода аз ин роҳ барои худкифоии энергетикии вилоят аз ҳисоби иқтидори дарёҳои маҳаллӣ неругоҳҳои хурд бунёд кунад.
Дар навбати худ, иқтидорҳои нави энергетикӣ ба пиёдасозии ҳадафи дуюм - мавриди истифода қарор додани ганҷҳои нуҳуфтаи кӯҳҳои Бадахшон мусоидат мекунад. Яъне имкон фароҳам меояд, ки корхонаҳои саноатӣ, хосса саноати кӯҳӣ бунёд гарданд. Зеро Бадахшон воқеан хазинаи ҷавоҳироти Тоҷикистон аст ва ин ганҷи алҳол номакшуф бояд ба хизмати мардуми ҳам вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ гузошта шавад.
Ниҳоят, самти сеюми рушди вилоят, рушди босуръати туризм дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Табиати афсунгари нотакрор, релефи афсонавӣ, кӯҳҳои сар ба гардуну кӯлу чашмаҳои шифоӣ дар пайванд бо инфрасохтори замонавии сайёҳӣ метавонанд Помирро ба Маккаи сайёҳӣ табдил диҳанд.  

БОМИ ҶАҲОН БО «ЗАМИНИ КАЛОН» ДОИМӢ ПАЙВАСТ ШУД
Роҳи шашсадкилометраи имрӯзаи Душанбе – Хоруғ тавассути ағбаи Хобуробот, ки зиёда аз ҳафтод сол инҷониб дар хидмати мардуми кишвар қарор дорад, дар фасли зимистон баста мешавад. Мисли роҳи Ош – Мурғоб – Хоруғ ё Хоруғ – Роштқалъа, Хоруғ – Ишкошим. Ва танҳо роҳи замонавии Кӯлоб - Қалъаи Хумб бори аввал дар таърих мардуми Боми ҷаҳонро бо «замини калон» тамоми сол пайваст.
- Ин аз хизматҳои воқеан таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди инфрасохтори нақлиётии вилоят ва кишвар мебошад ва мардуми сипосгузори Кӯҳистони Бадахшон як умр аз чунин ғамхорию дастгирӣ сипосгузоранд, - мегӯяд вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода.
Дур нест он замоне, ки роҳсозони зафарманди тоҷик боқӣ роҳҳои «мавсимӣ»-и дар боло номбурдаро низ ба қатори роҳҳои «солона»-и вилоят ворид месозанд. 

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2019    №: 214    Мутолиа карданд: 1179
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед