logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Филворди «ПРЕЗИДЕНТ»
Дар филворди навбатӣ насаби президентҳои кишварҳои гуногуни олам ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат  карда, насаби онҳоро пайдо намоянд.
Таҳияи Шафоатулло ШОКИРОВ

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


БА МОДАРАМ, БА ОН ДУНЁ
Элла Леннони шотландӣ, ки ҳанӯз чорсола буду  саводи навиштан надошт, дар Рӯзи иди модараш ба ӯ номаи табрикотӣ навишт.
Нома, асосан меҳру муҳаббати ӯро нисбат ба модар ифода мекард. Ба модаре, ки солҳо пеш аз бемории вазнин  вафот карда буд. Болои лифофа ҷойи суроға  навишт: «Ба модарам, ба он дунё». Номаро ҳамроҳи  падараш ба қуттии номаҳо андохт. Хаткашон  суроғаи  номаро  хонда, дар тааҷҷуб афтод.
Номаро кушода хонд ва дилаш  аз эҳсосоти дардноки  духтараки чорсола  ба риққат омад. Вай наметавонист нисбат ба эҳсосоти  духтараки аз модар ятиммонда  беэътибор бошад.
Баъди ду рӯз ба духтарак нома омад.  Болои лифофа ҷойи суроға чунин навишта буданд: «Аз  номи  модарат, аз  биҳишт».  Ва гӯё аз дили  модар  чунин ҳарфҳо таровида буданд: - «Эллаҷон, ман бовар дорам, ки ту духтари зебо, доно ва хайрхоҳ шуда, ба воя мерасӣ. Ман ҳамаи инро аз осмон назора карда, туро дастгирӣ менамоям». 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА

 

0  АГАР ТАНҲОСТ...
Рӯзе профессори факултети физика ва математика бо мақсади таълими дарсе, ки донишҷӯён то охири умр онро бояд фаромӯш накунанд, дар тахта рақами 1 - ро навишта, шарҳ дод: "Ин дараҷаи одамияти шумо – аз ҳама сифати зарурии ҳаёт аст". Сипас дар назди рақами 1 рақами 0 – ро навишту гуфт: "Ин дастовардҳои шумо, ки дар давоми ҳаёт аст». Ҳамин тавр, 0 - ро паси 0 илова кардан гирифт:  барои таҷриба, эҳтиёт, муҳаббат, муваффақият. «Ҳар як 0 - и иловашуда, имкониятҳои инсонро 10 маротиба зиёдтар мекунад», - гуфт профессор. 
Ногаҳон устод рақами 1 - ро, ки дар аввал меистод, тоза карда, рӯ ба шогирдон гуфт:
- Агар шумо одамият надошта бошед, хислатҳои боқимондаатон арзише надоранд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ЭЛЛЕН ЧЁРЧ НАХУСТИН СТЮАРДЕССА
Эллен Чёрчи амрикоӣ соли 1930 аввалин зан - хизматчии парвоз дар ҳавопаймо гардид. Эллен дар Сан - Франсиско ҳамчун ҳамшираи тиббӣ кор мекард. Ҳамзамон, дар мактаби ҳавонавардӣ таҳсил дошт. Бо гирифтани шаҳодатномаи идоракунии ҳавопаймо ширкати «Boeing Air Transit» ба ӯ кор дар ширкатро пешниҳод намуд. Роҳбарон қарор доданд, ки духтар дар ҳавопаймо ин як таблиғи олие барои ширкаташон хоҳад буд. Зеро ҳузури табиб кафолати саломатии мусофирон дар тайёра мебошад.
Аввалин парвози Эллен аз Сан – Франсиско ба Шайенн буд. Дар авиатсия ӯ якуним сол фаъолият намуд, баъд боз ба кори пештарааш баргашт. Дар ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҳайси аввалин стюардесса боз ба авиатсия рӯ овард. Эллен Чёрч дар ҳавопаймоҳои ҳарбӣ хизмат мекард, ӯ аскарони маҷрӯҳро мекашонд.
Дар ватанаш – шаҳри Креско аэродроми маҳаллиро бо назардошти хизматҳояш ба номи Эллен Чёрч гузоштанд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Бернард Шоу
Дар яке аз намоишномаҳои пйесаи худ Бернард Шоу, нохост, рӯи саҳна баромада, ҷониби толор хитоб мекунад:
- Хонумон ва ҷанобон, узр, ки дигар тоқатам намонд. Лутфан, худи ҳозир бигӯед, ки пйеса чӣ гуна баромадааст?
Дар ҳоле ки ҳама тамошобинон ҳайратзада посух меҷустанд, як нафар бо овози баланд гуфт:
- Ин пйеса не, ин сафсата аст…
- Дуруст ҷаноб, ман ҳам дар ҳамин фикрам, вале танҳо овози ману ту  дар муқобили хомӯшии як толор одам магар метавонад қурб дошта бошад? Албатта, не, - бо табассуми ба худ хос ва худро гум накарда, мегӯяд Шоу.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
АЗ СУЛФА ЗАДАН ХАЛОС ШУД
Гэвин Маршали 29 – солаи англис 13 сол боз аз сулфаи шадиди музмин рӯзу шаб азият мекашид. Сулфа то ду соат  ва гоҳе зиёда аз он кашол меёфт ва мариз ба ҳадди беҳушӣ мерасид. Солҳо Гэвинро аз бемории астма – диққи нафас табобат мекарданд, вале бенатиҷа. Билоохир, табибон дар шуши ӯ ҷисми номуайянеро «кашф» намуданд. Ба ҳангоми ҷарроҳӣ маълум гардид, ки дар шуши бемор сарпӯши пластикии бастабанди конфет, ки Гэвин ҳанӯз дар хурдсолиаш фурӯ бурда буд, ҷой гирифтааст. Ҷинси бегона аз шуш бароварда шуд. Сулфа батамом ғайб зад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ЭСТЕР ВЕРГЕР
МАЪЮБЕ, КИ ЧЕМПИОНИ БИСЁРКАРАТАИ ҶАҲОН ШУД
Эстер Вергер соли 1981 дар Шоҳигарии Нидерланд ба дунё омада, аз хурдӣ ба варзиш, махсусан шиноварӣ, машғул мешавад. Аммо, машқҳои вазнини ҷисмонӣ ӯро мубталои беморие карданд, ки табибон дар муайян карданаш оҷиз монданд. 
Ниҳоят, дар 9 – солагӣ духтарча амалиёти ҷарроҳиеро, ки 10 соат тӯл кашид, аз сар гузаронд. Мутаассифона, баъд аз ин ҳолаташ боз ҳам бадтар гашт. Вале иродаи матини Эстер ба дард ғолиб омад. Ӯ дар аробачаи маъюбӣ низ тамринро идома дод. Баскетболу волейболро бо маҳорати баланд бозӣ мекарду дар теннис ҳамто надошт. Талошҳояш самар доданду 42 маротиба чемпиони мусобиқаи Тоскулоҳи бузург шуд. 
Ниҳоят, соли 2013 ҳарчанд Эстер аз варзиши касбӣ дур рафт, аммо домони орзуҳояшро раҳо накард. Ба донишгоҳ дохил шуда, дар бахши менеҷменти варзиш соҳиби маълумоти олӣ гардид. Ҳоло ӯ вазифаи директори мусобиқаи байналмилалӣ теннисистҳо – аробашинҳоро ба уҳда дораду ҳамзамон, мушовири бозиҳои Паролимпии Шоҳигарии Нидерланд мебошад. Ба ҷуз ин, Эстер Вергер Фонди хайриявиеро таъсис додааст, ки ба кӯдакони маъюби варзишгар дасти мадад дароз менамояд. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
9. Пули Ракотсбрюк, Олмон
Пули Ракотсбрюк  дар макони биҳиштосои қасри дарбори саксонҳо – шаҳри Габлентс ҷойгир аст. Ин як иншооти аҷиб буда, дар борааш ривоятҳои зиёди афсонавие бофтаанд, яъне пулро пардаи боварҳо ба сеҳру ҷодуҳо, париву аҷинаҳо печондааст. Дар ойинаи шаффофи қаъри кӯли Ракотс акси нимдоирашакли пул бо тамоми шукӯҳу ҳашаматаш ба назар мерасад ва ба зебоии боғ ҳусни зиёд мебахшад. Ба як дидан кас  таассуроти зиёд мебардорад ва дар дил ба неруи сеҳр ва мавҷудияти париҳои обӣ бовараш меояд.
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ


КИТОБҲОЕ, КИ БОИСИ ТАҲАВВУЛОТИ ТАФАККУРИ ИНСОН ГАРДИДААНД
Курт Кобейн ва «Аттор»
Асари «Аттор» номи Патрик Зюскиндро байни ҳаводоронаш машҳур кард. Барои Курт Кобейн, сароянда, рассом ва оҳангсози маъруфи амрикоӣ  ин асар дӯстдоштатарин аст. «Китоби мазкурро зиёда аз 10 маротиба мутолиа кардаам ва боз ҳам хоҳиши хонданашро дорам. Ин китоб маро раҳо карданӣ нест. Ман табиатан инсони рӯҳафтода ва савдозадаам, аз ин рӯ,  асари «Аттор» ба ман таъсири бештар мерасонад. Бештари оҳангҳои хубам пас аз мутолиаи ин асар пайдо шудаанд.  Тақдири қаҳрамони асари Зюскинд ба тақдири ман алоқамандии зич дошта, мутолиаи ин асар  ҷисму рӯҳи маро неру мебахшад», - гуфтааст дар мусоҳибае Кобейн.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


12 ТЕЗСУРЪАТТАРИН НАҚЛИЁТ ДАР ҶАҲОН
2.  Барфгард – G-Force
Ширкати G – Force пайваста рекорд мегузорад. Ин навбат бо сохтани барфгард G – Force (ракетаи барфгард) рекорди нави ҷаҳониро гузошт. Он дорои суръати ниҳоии 340 километр/соат буда, тезсуръаттарин нақлиёти болои барф ба шумор меравад.
Таҳияи  Сайфулло АШУРОВ


ЧАНД АМАЛИ АҶИБИ ДУЧАРХАСАВОРОНИ ДАНИЯГӢ
4. Интиқоли тӯдаи кӯдакон бо велосипед
Ба мо, мутаассифона, пайдо кардани акси чунин дучархаҳои махсус муяссар нагардид. Ин гуна дучархаҳо акнун на карго, балки як намуди махсуси велосипед аст, ки дар ҷои бордон ду қатор нишастгоҳ дорад. Чанд кӯдаке, ки дар хонаводаи даниягиҳо бошад, волидайн мекӯшанд, ки ҳамаи онҳоро дар як дучарха савор намоянд.
Ҳатто, хонумҳое ҳастанд, ки ҳангоми ҳомила будан то ҳафтаи 36 - ум велосипедсавориро идома медиҳанд. Албатта, ин хеле аҷибу ҳайратангез аст.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ,  тарҷума аз русӣ


МЕҲРИ  МОДАР
Фарзандон назди модар ҷамъ шуда, дурудароз байни ҳам баҳс карданд. Ҳар яке донистан мехост, ки назди модар кадоме аз онҳо азизтаранд. Модар пас аз чанд лаҳзаи назораи ин манзара шамъеро фурӯзон карду ба фарзандон рӯ овард:
- Ин шамъ манам ва шуълаи он муҳаббати ман.
Пас аз ин модар шамъи дуюмро бо оташи шамъи якум фурӯзон кард:
- Шамъи дуюм фарзанди нахустини ман аст, ки ба вай оташ, яъне муҳаббатамро бахшидам. Магар аз он оташи шамъи якум кам гашт? Не, он аз аввала дида фурӯзонтар шуд!
Ҳамин тавр, модар ба шумори фарзандонаш шамъҳоро фурӯзон кард. Фарзандон дарёфтанд, ки муҳаббати модар интиҳо надорад. Ҳар фарзанд барои модар азизу соҳиби муҳаббати беинтиҳои ӯст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


137
БАҲОРИ  ЯК УМР
Канаҳ Беовей Венсро на танҳо дар Ҳиндустон, балки дар дунё ҳамчун яке аз мардони дарозумртарин мешиносанд. Дар охирҳои асри XVIII, дар садаи XIX пурра ва дар аввали қарни XX умр ба сар бурда, 137 баҳори ҳаётро дидааст.
Ӯро бобои Ҷон Смит мегуфтанд. Номбурда шоҳиди ба ҳаракат даромадани аввалин паровоз дар ҷаҳон буду чиптаи сафараш ройгон. Саёҳатро дӯст медошт, дар сафар асо ва ҷузвдон ҳамеша ҳамроҳаш буд. Ин марди дарозумр чандин маротиба издивоҷ карда, даҳҳо фарзанд ва садҳо набера дошт. Ҳамсари охиринаш аз ӯ 100 сол хурд буд. Соли 1922 аз олам чашм пӯшид.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
ДАР ОНҲО ҲУНАРМАНДОН ҲАМ ИШТИРОК МЕКАРДАНД
Аз соли 1912 то 1948 дар қатори варзишгарони касбӣ шоиру рассом, меъмор ва ҳайкалтарошу мусиқинавоз ҳам метавонист қаҳрамони бозиҳои олимпӣ гардад. Шарти асосии иштирок дар бозӣ ин буд, ки шоҳасар бояд дар мавзӯи варзиш бошад. Рассомон варзишгаронро тасвир мекарданд, шоирон дар бораи онҳо шеър эҷод менамуданд ва ғайра. Эҷодгарони беҳтарин дар қатори варзишгарон сазовори медалҳо низ мешуданд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ
Роберт ФИШЕР
Чемпиони ёздаҳуми ҷаҳон (1972 – 1975).
Намояндаи ИМА.
Роберт Фишер худро пурра ба шоҳмот бахшидааст, ба ин хотир ҳатто мактабро партофтааст. Дар понздаҳсолагиаш аллакай гроссмейстер буд. Дар он замон дар таърихи шатранҷ ҷавонтарин гроссмейстер ба ҳисоб мерафт.
Дар Амрико барномаи давлатии рушди шоҳмот набуд, аз ин рӯ, барои дар олами шатранҷ ба камол расидан, ба Фишер осон даст надод. Ин шахс, ки тавонист худро чемпиони ҷаҳон созад, танҳо аз худ миннатдор буд. Маҳорат, истеъдод, заҳматписандӣ, вафодорӣ нисбат ба шатранҷ – хислатҳои фарқкунандаи Роберт Фишер буд.
Фишер неруи фавқулодаи бозиро соҳиб гашт ва дар шатранҷ яке аз чемпионҳои пурқувваттарини дунё ба шумор мерафт.
Унвони чемпиониро соли 1972 ба даст овард, баъди дар мусобиқаҳо мағлуб кардани ҳамаи довталабон: Ларсен, Тайманов (ҳар дуро бо ҳисоби 6:0) ва Петросян чемпиони ҷаҳон Борис Спасскийро бе ягон душворӣ шикаст дод.
Ҳаминаш аҷиб, ки бозии чемпионӣ бо Спасский дар карйераи касбии Фишер охирин шуд. Аз қувваозмоӣ бо Карпов, бо вуҷуди ин ки бисёр гуфтушунидҳо ба миён омада буданд, вай саркашӣ кард. Фишер ҳамин тавр дигар дар ягон мусобиқаи расмӣ ширкат наварзид. Ин дар таърихи шатранҷ муаммое мебошад, ки то имрӯз ҳам ҳалли худро наёфтааст.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


НЮ-БОНД СТРИТ
ГАРОНБАҲОТАРИН КӮЧАИ ДУНЁ
 
Ню - Бонд, ки кӯчаи маркази Лондон маҳсуб меёбад, дар сархати тадқиқоти «Кӯчаҳои асосии ҷаҳон», ки Ширкати байналмилалии консалтингии «Cusman & Wakefield» анҷом додааст, мавқеъ гирифт.
Дар раддабандии ширкат нархи миёнаи иҷора дар 448 қиматтарин кӯчаи 68 кишвари дунё муқоиса шудааст. Маблағи миёнаи солона дар Ню-Бонд 16,2 ҳазор евроро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин маҳсуб меёбад. Дар ин кӯча мағозаҳои брендҳои машҳури ҷаҳон аз қабили «Chanel», «Mulberru Louis» ва «Vuitton» ҷой гирифтаанд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


НОДИРТАРИН  ҲАЙВОНҲОИ  ДУНЁ
3. ШЕРИ САФЕД
Шерҳои сафед тақрибан 300 сарро ташкил медиҳанд. Маҳали зисташон табиати вуҳуш набуда, балки дар мамнӯъгоҳҳои махсуси Африқои Ҷанубӣ нигоҳубин карда мешаванд. Дарозии  шери сафед аз сар то нӯги думаш 3 метрро ташкил медиҳад. Вазнаш то ба 310 килограмм мерасад.
Таҳияи  Сайфулло АШУРОВ


ҲИКМАТИ ФОРД
Миллионери амрикоӣ Генри Форд дар яке аз меҳмонхонаҳои Англия хоҳиш кард, ки барояш ҳуҷраи хоксоронаи камарзише ҷудо намоянд.  Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷат, вақте чашми дарбон ба ному насаби мусофир афтод, ҳайратзада ба афту андоми ӯ чашм дӯхта, нобоварона пурсид:
- Шумо, воқеан, ҷаноби Форд ҳастед?
- Бале. Чӣ буд?- гашта мепурсад меҳмон.
 - Ҳеҷ гап не, фақат дар тааҷҷубам, ки чанде пеш писаратон дар меҳмонхонаи мо қиматтарин ҳуҷраро интихоб карда, чанд рӯз беист бошандагони тамоми ошёнаро зиёфати шоҳона дод. Шумо бошед, фақирнамо мегардеду, хонаи арзон мекобед. Раваду дигарон фаҳманд, чӣ мегӯянд?
Генри Форд баъди он ки дарбонро то охир гӯш дод, чунин гуфт:
-  Барои ман  чӣ гуфтани мардум аҳамият надорад. Ҳақиқат ин аст, ки волидайни ман дар асл қашшоқанд, писари ман бошад, падари миллионер дорад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2019    №: 215    Мутолиа карданд: 1436
27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед