logo

фарҳанг

АСП – НАМОДИ ХАТЛОН

Хатлон. Ин куҳанмарзи ориёӣ аз таърих ба ривоят, аз ривоят ба афсона ва аз афсона имрӯз боз ба ҳақиқат омехтааст. Дар бештари сарчашмаҳои дасти аввал, шурӯъ аз «Шоҳнома» - и ҳаким Фирдавсӣ ишораҳо ба номи ин сарзамин ва вижагиҳои ҷуғрофии он шудааст. Вожаи «Хатлон» дар манбаъҳо сар карда аз асри панҷи мелодӣ ба чашм мерасад.
Аҷиб аст, ки номвожаи «Хатлон» дар аксари мавридҳо бо вожаи «асп» гиреҳ мехӯрад. Аспи хатлӣ, аспсаворони хатлӣ, хинги хатлӣ, маркаби хатлӣ, аспиён, аспҳои Хуталон ҳама ишора ба макони парвариши аспҳои вижаи зотӣ будани Хатлонзамин доранд.
Аз нахустнавиштаҳои китоби бостонии «Авасто» бармеояд, ки гузаштагони мо аз аввалин ромкунандагони асп будаанд. Таърихнависи юнонии асри V пеш аз мелод Ҳеродот менависад, ки Ориёиҳо кӯдаконро аз 5 то 20 - солагӣ се ҳунарро меомӯзонданд: аспсаворӣ, тирандозӣ ва ростгӯӣ. Онҳо дар този асп ба  душмане, ки онҳоро думболагирӣ менамуд, рӯ ба пас гардонда,  тири бехато мезананд.
Пажӯҳишгари таърихи бостон, академик Юсуфшоҳ Яъқубшоев бар он назар аст, ки номи ин сарзамин пеш аз асри панҷи мелодӣ Аспиён будааст. «Номи Хатлон аз этноними мардуми ориётабори Ҳайтолиён реша дорад. Бинобар ин, Аспиён номи азалии ин сарзамин аст, ки маънои парваришгоҳи аспонро ба худ насб кардааст», - менигорад Юсуфшоҳ Яъқубшоев.
Ҷуғрофидони юнонӣ Страбон менависад, ки дар Бохтар вилояте буд, ба номи Аспиён ва марказаш шаҳри Давонаспа. «Аспони беҳтарини саворӣ аз ин вилоят хезанд ва дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба онҳо зиёд аст. Мо бо эҳтимоли зиёд гуфта метавонем, ки Аспиён номи қадими Хатлон аст», - менависад Юсуфшоҳ Яъқубшоев.
Маркази вилояти Аспиён Давонаспа, яъне аспони даванд дар назди Нозкӯл (ҳоло Қайнар)  дар ноҳияи Восеъ ҷой дошт. Харобаи онро соли 2007 Юсуфшоҳ Яъқубшоев таҳқиқ кардааст. Дар бораи Нозкӯл ривояту устураҳои зиёде гардонанд. Яке аз онҳо ба фариштаи асп рабт дошта, аз об бадар омадани аспони обии Нозкӯл дар мавзеи имрӯза Қайнар рабт дорад, ки дар китоби Ибни Хурдодбеҳ (820 - 912/13) «Китоб-ул-масолик вал-мамолик» сабт аст.
Дар байни таълифот оид ба асп ва таърихи пайдоиши он асари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ҳимати баланди илмию амалиро дорост. Бавижа, бахши шашуми асар «Қаноти мард ва сутуни пойдори давлат» ҷиҳатҳои  таърихию иҷтимоии зуҳури аспи бохтарӣ - хатлониро мавриди пажӯҳиш қарор додааст.
Дар топоними Хатлони таърихӣ номҳои зиёде бо исми аспон боқӣ мондаанд, аз ҷумла мавзеи Аспҳо  (Аспаҳо) дар Рустаки Афғонистони кунунӣ. Дар гузаштаи начандон дур ин бахши Хатлон ва боргоҳи хатлоншоҳон буд. Дашти аспҳо дар ноҳияи Тирай (ноҳияи Шамсиддини Шоҳин), Адири Аспон дар Ховалинг, Аспиёни Боло, Аспиёни Миёна ва Аспиёни Поён дар Балҷувон далели ватани аспҳои асил будани ин сарзамин мебошад.
Муаррихи тоҷик Гулшанӣ дар асараш “Таърихи ҳумоюн” дар бораи аспони Хатлонӣ менависад: «Аспони хатлиро ба кутуби салаф ва сиярру тафсири мутақаддим бағоят писандидаанд. Аз қадим-ул-ҳаёт ин вилоят маншаи аспҳои тозинажод будааст ва алъон низ аксари аҳолии он галадор аст. Аспҳои Хатлон дар ин асру замон низ мақбулу марғуби хосу оманд».
Аспони хатлӣ чунон шуҳрату овоза дошта, ки сарлашкарони Юнон ба онҳо мароқ зоҳир кардаанд. Аз ҷумла, Низомии Ганҷавӣ менависад, ки Искандари Мақдунӣ дар ҷанги Бохтар пирӯз омад ва аспи хешро раҳо карда, аспи хатлиро баргузид:
Чу Искандар бар он хинги хатлӣ
нишаст,
Варо бод бардошту чун барқ ҷаст.
Маълум мешавад, ки Искандар дар рафти ҷанги Бохтар чолоку зудрав ва неруманд будани аспҳои хатлиро мушоҳида карда, минбаъд рағбат намудааст.
Албатта, хамсасарои чирадасте чун Низомӣ ба сарчашмаҳои юнониву бохтарӣ дастрасӣ дошт ва ин байт шукӯҳу шуҳрати аспҳои Хатлонро бори дигар муҳри тасдиқ мезанад.
Айнан дар ҳамин бора Аллома Иқбол менависад:
Сикандарро зи айши ман хабар
 нест,
Навои дилкаше аз мулки Ҷам беҳ.
На ман бар маркаби хатлӣ саворам,
На аз вобастагони шаҳриёрам.
Ишора мешавад, ки воқеан ҳам Искандар аспи хатлиро бартар аз маркабҳои дигар медонистааст, аммо ман имрӯз чу ӯ савори маркаби хатлӣ нестам. Ӯро аз айши ман ва маро аз айши ӯ хабаре нест.
Чуноне ки пажӯҳандаи таърихи бостон Зафари Мирзоён менависад: «Зоти аспи хатлӣ бисёр қадимӣ аст ва пеш аз замони давлатдории Ҳахоманишиён ин зот ба вуҷуд омада, бо чобукӣ ва таҳаммулпазириашон дар душвориҳои минтақаҳои кӯҳистонӣ ва нимакӯҳистонӣ, мояи ҳайрати мардумони худӣ ва бегона гаштаанд».
Низомии гавҳарсухан ҷои дигар боз ҳам байти нозанин дорад:
На кас бар чунин хинги хатлӣ
нишаст,
На мурғе чунин ояд осон ба даст.
Рӯшан мешавад, ки саворӣ кардани аспони хатлӣ коре саҳле набуда. Танҳо мардони ҷасуру ғаюр ва неруманд метавонистанд ононро савор шаванд. Далели боз ҳам гӯётар бо лақабҳои вижае, ки пайванд ба асп доранд, номгузорӣ шудани шоҳони замони Зардушт аст. Дар гузашта «асп фариштаи бахтовар шумурда мешуд ва шоҳон бо   лақаби аспон номгузорӣ мешуданд, ба монанди Арҷосп - дорандаи аспи гаронбаҳо (шоҳи Тӯрон), Гуштосп - дорандаи аспи мода (шоҳи Ориён), Пирушосп - падари паёмбари Ориён, дорандаи аспи пир, Виштосп ва ғайра.
Аз ин ҳама ба хулоса омадан мумкин аст, ки асп рамзу намоди Хатлон аст. Бинобар ин, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба парвариши зотҳои аспи хатлӣ ва гузоштани ҳайкали намодини он дар шаҳри Бохтар барои муаррифии бештари ин куҳанзамин дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2019    №: 216    Мутолиа карданд: 568
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед