logo

фарҳанг

ИҚДОМИ ХУБИ ҲОШИМ ГАДО

Ҳадя намудани китобҳои тозанашри худро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳунарвари нотакрори тоҷик Ҳошим Гадо ба анъана табдил додааст. Танҳо дар соли хониши 2018 – 2019 аз ҷониби ин ҳунарманд ба китобхонаи илмии донишкада беш аз 2 ҳазор нусха китоб тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошим Гадо наздик ба 60 сол аст, ки дар рушду нумӯи санъати тоҷик, офаридани нақшҳои барҷаставу хотирмон дар саҳнаҳои театр ва кино саҳми зиёд гирифта, на танҳо дар кишвар, балки дар араси байналмилалӣ низ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардида, мавқеи хосро дорад. Аз ҷумла, соли 1999 ба ифтихори 1100 – солагии Давлати Сомониён, ки ба ҷашни бузурги умумимиллӣ табдил ёфт, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нақши шоҳ Исмоили Сомониро бозида, соли 2008 ба шарафи 1150 – солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи асари устод Сотим Улуғзода намоишномаи «Рӯдакӣ» - ро ба саҳна гузошт. Ҳошим Гадо аз соли 1996 то инҷониб дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият дорад. Ҳоло дар ин боргоҳи ҳунару санъат ба ҳайси профессор – консултант ифои вазифа намуда, ҳамзамон, ба донишҷӯён аз фанни маҳорати актёрӣ дарс медиҳад.
Ин ҳунарпеша муаллифи беш аз 240 ҷилд китоб мебошад.

Додоҷон РӮЗИЕВ, рӯзноманигор 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2019    №: 216    Мутолиа карданд: 500
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед