logo

ҳуқуқ

"ЧАРО ҲОҶӢ ҚАРОРИ СУДРО ИҶРО НАМЕКУНАД?"

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби «Чаро ҳоҷӣ қарори судро иҷро намекунад?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 18 сентябри соли 2019, № 179, нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дод.

Муайян шуд, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 10 майи соли 2017 даъвои Сафар Сафаров қисман қонеъ шуда, аз ҳисоби ҷавобгарон Хайриниссо Гулаева ва Маҳмадқул Гулаев ба фоидаи С. Сафаров зарари моддӣ дар ҳаҷми 24 704 сомонӣ, зарари маънавӣ ба маблағи 300 сомонӣ ва 150 сомонӣ хароҷоти судӣ рӯёнда шудааст.
Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ аз 27 сентябри соли 2017 шикояти кассатсионии ҷавобгар М. Гулаев рад ва ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир мондааст. Айни замон, ҳалномаи мазкур эътибори қонунӣ дошта, варақаҳои иҷроро 5 октябри ҳамон сол тибқи дастхат ба ситонанда Сафар Сафаров супурдаанд.
Муаллифи мақола аз он норозигӣ баён намудааст, ки чаро Мамадқул Гулаев қарори судро иҷро намекунад?. Дар ин робита бояд гуфт, ки иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ тибқи муқаррароти моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба зиммаи иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Аз ин лиҳоз, номбурда ҳуқуқ дорад иҷрои саривақтии ҳалномаи судро аз иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд.
Дар баробари ин, аз ҷониби шахсони масъули Суди Олӣ ба суди ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба бурдани назорати доимӣ ҷиҳати иҷрои ҳалномаи дар боло зикргардида дастурҳои зарурӣ дода шуданд.

Ш. ЛУТФУЛЛОЗОДА, муовини якуми раиси Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2019    №: 217    Мутолиа карданд: 1061
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед