logo

фарҳанг

СИМПОЗИУМ. ТАНТАНАИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ

Даҳаи сеюми моҳи октябри соли ҷорӣ барои зиёиёни тоҷик фархундаву фаромӯшношуданӣ буд. Зеро бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастӣ ва роҳнамоии Сарвари тоҷикони дунё, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши муҳташам муҳаққиқони ватанӣ ва форсизабонону намояндагони зиёда аз 100 давлати дунё, аз қабили Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Фаронса, Британияи Кабир, Амрико, Канада, Ҳолланд, Австралия ва Россия ба ҳам омада, саҳми ин миллати бостониву фарҳангбунёдро дар рушди тамаддуни умумибашарӣ бо гузоришу мулоҳизарониҳои илмиву пурарзиш матраҳ намуданд.
Дар умум, ин симпозиум, барои шинохти тоҷикон, таъриху фарҳанги бостонии миллат ва ба ҷаҳониён бо далелу санадҳои қотеъ муаррифӣ кардани он, инчунин, мубодилаи афкори донишмандони дохиливу хориҷӣ, дарвоқеъ, аҳамияту арзиши беназир дошт. Хушбахтона, имрӯз доираҳои илмии дунё эътироф намудаанд, ки тоҷикон дар тӯли таърихи беш аз шашҳазорсолаашон бо таъриху тамаддун, урфу одат ва анъанаҳои неки худ дар масоили шаҳрсозиву шаҳрнишинӣ, боғдориву чорводорӣ ва ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, аз қабили оҳангарӣ, заргарӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ ва ғайра, миёни дигар миллатҳо ҷойгоҳи хоса доранд.
Бозёфтҳои бешумори таърихӣ, ки аз ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дигар ҳавзаҳои бузурги тоҷикнишин ёфт шудаанд, далел ба ин гуфтаҳост. Шарқшиносу таърихнигори маъруфи амрикоӣ Федерик Стар дар асари гаронарзиши хеш бо номи «Маърифати гумшуда», ки соли 2017 ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд, саҳми миллати тоҷик, алалхусус олимону адибонашро дар рушди тамаддуни умумибашарӣ хеле арзандаву бориз арзёбӣ намудааст.
Ҳоло дар яке аз осорхонаҳои маъруфи Англия осори безаволи заргарони гузаштаи мо бо номи “Хазинаи Амударё” ба намоиш гузошта шудааст, ки он мутааллиқ ба асрҳои II – IV буда, солҳои аввали асри гузашта ба ин кишвар бурда шудаанд. Ҳамарӯза ин ганҷинаро ҳазорҳо нафар сайёҳон тамошо карда, аз шоҳкориҳои гузаштагони мо ангушти ҳайрат мегазанд. Моҳи июни соли 2018 тавассути телевизиони Тоҷикистон намоише манзур гардид, ки дар бораи “Хазинаи Амударё” нақл мекард. Озмоишгари англис хонум Айди Менҷияти дар бораи бозёфтҳои мазкур маълумот дода, аз ҷумла иброз дошт: “Тоҷикон дар гузаштаи дур аз технологияи баланди ҳунари заргарӣ бархӯрдор буданд. Кореро, ки имрӯз бо истифода аз технологияи нав иҷро мешавад, заргарони тоҷик дар он давра бо даст анҷом медоданд. Ин намунаҳо аз тамаддуни олии миллати тоҷик қисса мекунанд”.
Имрӯз эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани арзишҳои миллию фарҳангии фаромӯшшудаи миллати куҳанбунёдамон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сиёсати фарҳангсолории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, зинда гардондани номи бузургони олами илму адаби миллат ва эҳёи мавзеъҳои таърихиву меъмории ин халқи куҳанбунёд бо ташаббусҳои ватандӯстонаи ин марди фозил сурат гирифт. Бинобар ин, ҳидояту таъкидҳо дар робита ба эҳё ва эҳтиром намудани таъриху тамаддуни пурэъҷози миллат, бори дигар  фарҳангиён ва муҳаққиқони осору фарҳанги ниёгонро водор месозад, ки ба хотири нигоҳдошти анъанаву суннатҳои неки гузаштагон, ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ ва муаррифии арзандаи арзишҳои миллӣ бештар аз пештар талош варзем.
 
Ҳотам АСОЗОДА,
директори генералии МД Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2019    №: 217    Мутолиа карданд: 659
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед