logo

фарҳанг

«30 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». РӮНАМОӢ АЗ АСАРЕ, КИ МАЪРИФАТОМӮЗ ХОҲАД БУД

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ рӯнамоии 30 ҷилд китоби адибони муосири тоҷик баргузор гардид.
Дар муаррифӣ президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи таҳсилот Абдуқодир Бобизода, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва аксари муаллифони китобҳо ширкат варзида, иқдоми мазкурро омили таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ ва китобхониву китобдорӣ донистанд. Фарҳод Раҳимӣ таъкид кард,  чопи ин силсила, ки осори шоирону нависандагонро аз устод Садриддин Айнӣ то адибони ҷавону пурталоши имрӯзи тоҷик фаро мегирад, ба масал сӣ баҳори истиқлол аст ва аз ибтикороти фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Сарвари давлат чанде пеш ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, ба маорифчиёни кишвар гуфтанд: «Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сарфи назар аз шакли моликият омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабиро ба роҳ монанд ва барои азхудкунии порчаҳои назмиву насрӣ ва қоидаву асосҳои фанҳои риёзиву табиӣ меъёру талаботи заруриро муқаррар намоянд».
Бино ба гуфтаи Низом Қосим, «30 баҳори истиқлол» давоми мантиқиву рамзии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аст, ки бо амри Пешвои миллат ҷараён дорад ва метавонад хонандаҳоро ба китобхона, ба суроғи китобҳои тозанашри нашриёти «Маориф» барад.
Тазаккур дода шуд, ки баъзе асарҳои адибони ба ин силсилаи зебо воридшуда бори охир солҳои ҳаштодуми асри гузашта рӯи чопро дида буданд. Бори дигар бо зевари табъ оросаву пероста шудани китобҳои адибоне, ба монанди Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев армуғони беҳтарин барои имрӯзиён ва зиндагардонии ному пайкори эшон аст.
Чор ҷилди он аз асарҳои «Тазкираи мухтасари назми муосири тоҷик», «Тазкираи мухтасари насри муосири тоҷик», «Тазкираи мухтасари назми муосири бачаҳо» ва «Тазкираи мухтасари насри муосири бачаҳо» иборатанд. Мураттибону муаллифон талош варзиданд, то дар ин китобҳо достонҳо, шеърҳо, ғазалҳо ва рубоиҳоеро фаро бигиранд, ки дар миёни мардум аз муҳаббати хос бархӯрдоранд, ё қаблан чандон зиёд ба нашр нарасидаанд ва ё дар миёни хонандагон камтар паҳн шудаанд.
“30 баҳори истиқлол” аз ганҷинаи ғанӣ ва рангину нотакрори адабиёти муосири тоҷик барои хонандаи худ бахшҳоеро пешниҳод мекунад, ки барои тарбияи эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстӣ, зебоишиносӣ, халлоқият ва шеършиносию насрдӯстии онҳо мусоидат кунанд ва ҳамзамон, аз назари аҳамият ва арзиши бадеӣ силсилакитобҳои рӯимизии ҳар хонаводаи тоҷик гардад.
Ғуломқодир Бобизода ба миллати китобдор будани тоҷикон ишора карда, аз хидматҳои бедареғи мураттибону муҳаррирони китоб, бавижа масъулони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ёд кард.
Ҷамъомадагон зикр карданд, ки ин кори босавобу бахайр базудӣ самар меоварад. Зеро хазинаи аксари китобхонаҳои мо, бахусус китобхонаҳои деҳоти дурдаст ба китобҳои наву хонданӣ бо забони тоҷикӣ ниёзи бештар доранд.
Ёдовар мешавем, ки ин сӣ номгӯй китоб ҳар яке 10 ҳазор нусха нашр шуда, ба китобхонаҳои дурдасттарини макотиби ҷумҳурӣ  дастрас мешавад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2019    №: 217    Мутолиа карданд: 613
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед