logo

фарҳанг

ЗАБОН – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Забон ҳастии миллат аст. Ин ҳарфҳои заррини Пешвои миллат маъниву мазмуни амиқ дорад. Воқеан ҳам, шиносномаи ҳар миллат забони ӯст. Барои чун миллат зинда мондани як қавм марзу бум ҳамон қадар муҳим бошад, мавҷудияти забони ягонаи таърихӣ ҳамон қадар аҳамият дорад.

Соли 2010 бо дастгирии Ҳукумати Норвегия аз тарафи ЮНЕСКО - бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият китоби Атласи забонҳои дунё ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва испанӣ дастраси хонандагон гардид. Дар он зиёда аз 2,5 ҳазор забон сабт шудааст. Теъдоди забонҳо дар муқоиса бо нашри соли 1959 камтар аст. Яъне, дар зарфи 60 сол зиёда аз 230 забон аз байн рафт. Мутобиқи ин маълумот, дар Тоҷикистон 11 забон, аз ҷумла, забони бартангӣ, ишкошимӣ, рӯшонӣ, яғнобӣ, язгуломӣ, шуғнонӣ, вахонӣ, орошворӣ ва дигар забонҳо, ки гӯяндагонашон бисёр кам мондаанд, зери хатар қарор доранд.
Забони мо таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад. Ин моро водор месозад, ки онро поку беолоиш нигоҳ дорем. Баъди интишори атласи мазкур атрофи масъалаҳои марбут ба мушкилот ва рушду инкишофи забони тоҷикӣ ва забонҳои зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи Тоҷикистон, инчунин, аҳамияти онҳо дар такомули минбаъдаи забони давлатӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Хушбахтона, дар саргаҳи зинда нигаҳ доштани забонҳои қадимии миллати мо Сарвари давлат қарор доранд.
Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он, асоси илҳом ва меҳвари ҷунбишҳои ҳунариву фарҳангӣ ва илмии равшангарони он мебошад.
Коршиносону забоншиносон бар он назаранд, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари ҷанбаҳои мусбати худ оқибатҳои ҳузнангез ҳам ба бор дорад, ба забонҳои миллӣ бетаъсир намемонад. Дар шароити кунунӣ мо бояд аз ворид намудани ҳар гуна калимаву истилоҳоти бегона худдорӣ намуда, бо мақсади поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ амсилаи истилоҳҳои зарурӣ биофарем. Ба ин масъала Пешвои миллат дар соли ҷорӣ дар Рӯзи забон таваққуф карда, чанд пешниҳоди муфиду корсоз ироа доштанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари рушд ва вусъати бештари нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини кишвар низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд. Пайдост, ки мо дар баробари ҳифз, рушд ва такомули забони миллии хеш, инчунин, ба забонҳои дигари дунё, бавижа русиву англисӣ арҷ мегузорем ва аз соҳибзабонони ҷаҳон эҳтироми забони худро хосторем.

Саёҳат ПИРХОҶАЕВА, омӯзгори гимназия – парваришгоҳи ба номи
Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2019    №: 222 - 223    Мутолиа карданд: 542
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед