logo

иҷтимоиёт

ПАРЧАМ. ШУЪЛАИ ИМОН ВА ОТАШИ ВИҶДОН

Парчам барҳақ далели мавҷудияти миллату давлат, рамзи муқаддас ва мояи ифтихору эътибору шарафи ҳар халқи соҳибдавлат аст. Хушбахтона, чунин эҳсоси гарму гувороро мардуми сарбаланди тоҷик доранд ва Парчами давлатии мо дар ақсои олам, аз мавҷудияти кишвари соҳибтамаддуне бо номи Тоҷикистон дарак медиҳад.

Тибқи маълумоти таърихнигорону, бостоншиносон таърихи парчамдориву парчамбардории халқи тоҷик аз аҳди бостон оғоз гардидааст. Аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва Нишони давлатӣ буда, ин анъана то имрӯз давом дорад.
Моҳияти асосии парчам муттаҳид намудани мардум барои мақсади ягона буда, ҳидоят ба қаҳрамонию сарсупурдагӣ баҳри озодию соҳибистиқлолӣ мебошад. Ниёгони шарафманди мо аз азал зери парчами хеш саф кашида, пайи ободию озодӣ, ҳимояву пойдории миллату забон ва фарҳанги пурғановати хеш мубориза бурдаанд. Таърих гувоҳ аст, ки бузургмардони ориёӣ, чун Куруши Кабиру Коваи оҳангар, Деваштич, Спитамену Муқаннаъ ва дигарон таҳти парчами хеш чун рамзи ватандорию худогоҳӣ  баҳри озодию ободӣ ва ҷовидонии Ватан сар супурдаанд.
Имрӯз ҳам анъанаи неки парчамдорӣ, ки ифодагари ватандорию ватандӯстӣ, мустақилию соқибистиқлолӣ, ҷоннисорию шарафмандӣ мебошад, идома дорад. Парчами давлатии мо чун як рукни муқаддасоти миллӣ баёнгари ҳаёти осоиштаву арзишманд, якпорчагиву ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои неку дурахшон, ҳидоятгари қаҳрамонӣ, далерӣ, мардонагӣ, ҷасорат, шуҷоатмандӣ баҳри дифои ин марзу буми аҷдодӣ маҳсуб ёфта, мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон аст.
Гузашта аз ин, парчам рамзи ягонагии давлат ва миллат мебошад. Дар зери он кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хизматчиёни давлатӣ баҳри ҳимояи марзу бум, якпорчагӣ, таъмини ҳаёти осоишта, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шарҳвандон савганд ёд мекунанд. Чунин амалҳо воситаи тавонои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватану савганд ва ифтихор аз рамзҳои давлатӣ  мебошад.  Ҳамин арҷгузорӣ аст, ки соли 2010 бунёди манораи бузурги Парчами давлатӣ дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе оғоз ёфт ва он дар арафаи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавиаш «Майдони Парчам» номгузорӣ шуд. Яъне 30 августи соли 2011 рӯйдоди хеле муҳиму фараҳбахш - барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 165 - метр ба вуқӯъ пайваст ва он дар "Китоби рекордҳои Гиннес" ҳамчун баландтарин парчами дунё сабт гардид.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ин арҷгузорӣ ба мақоми шоистаи миллат, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, расидан ба уфуқҳои тозаи худшиносии миллӣ мебошад. Ва бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун шуълаи имон ва оташи виҷдони ҳар фарзанди бонангу номуси миллат то абад парафшон бошад.

Хусрав МИРАЛӢ,
прокурори ноҳияи Кӯшониён


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2019    №: 224    Мутолиа карданд: 676
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед